Ҷашни солинавии Tcell барои 9 муассисаи кӯдакона дар саросари Тоҷикистон

Иттилоияи расмӣ

Дар чаҳорчӯби масъулиятҳои иҷтимоӣ ширкати Tcell дар мавриди бахши осебпазири аҳолии Тоҷикистон ғамхорӣ зоҳир менамояд. Дар остонаи Соли нави 2019 масъулини ширкат бо тӯҳфаҳои идона ба 9 маркази парвариши атфол рафта, барои онҳо фазои идона тӯҳфа намуданд: хонаи бачагон, интернатҳо, марказҳои барои кӯдакони имконияташон маҳдуд ба ин бахш шомиланд.  

Бобои барфии бунафшранги Tcell ба беш аз 600 кӯдак аз хонаи бачагону парваришгоҳҳо бозичаҳо ва шириниҳо ҳадя кард. Илова бар ин, ҳар як муассисаи бачагона кӯмакҳоеро дастарас кард, ки дар айни замон тарбиятгирандагон ба он ниёз доранд: либоси зимистона, пойафзол, бухории барқӣ ва катҳои хоб.

Парваришгоҳи №1 дар маҳаллаи Чорбоғ ҳамчун ҳадя маҳсулоти беҳдоштӣ (гигиенӣ) гирифт, зеро дар ин ҷо кӯдакони имконияти ҷисмониашон маҳдуд таҳсил ва зиндагӣ менамоянд. Бобои барфии бунафшранг ҳамчунин меҳмони марказҳои тарбияи атфол дар Файзобод ва Шаҳринав гардида, барои онҳо тӯҳфаҳои хоса: бозичаҳо, таҷҳизоти гармидиҳӣ ва либосу пойафзол тақдим сохт.

Бачагони интернати ноҳияи Рӯшони ВМКБ низ зимистони имсоларо бо либосҳои гарму пойафзолҳои зимистона пушти сар хоҳанд кард. Дар минтақаи Шӯроби ноҳияи Исфара бошад, ширкати Tcell тирезаҳои хонаи бачагонро иваз карда, ба ҷои тирезаҳои кӯҳна- тирезаҳои нави пластикӣ насб кард.   

Тарбиягирандагони парваришгоҳи бачагонаи ноҳияи Қабодиён соҳиби костюмҳои нав гардида, ҳамроҳ бо Tcell иди Соли навро хурсандона таҷлил намуданд. Дар мактаб-интернати Кӯлоб бошад, ширкати Tcell барои кӯдакони ин даргоҳ мизи идона ороста, барои дар сатҳи хотирмон гузаронидани ҷашн маҳсулоти хӯрокворӣ тақдим кард. Маркази кӯдакони имконияти ҷисмониашон маҳдуди ноҳияи Рашт аз ҷониби ширкати Tcell катҳои хоб ва ҷиҳози онро ҳамчун тӯҳфа қабул намуд.   

Муштаракан бо Клуби миллии Федератсияи ЮНЕСКО дар Тоҷикистон ширкати Tcell барои атфоли имконияти ҷисмониашон маҳдуд дар шаҳри Душанбе иди арчаро баргузор намуд, ки зимни он беш аз 100 кӯдак иштирок дошт.   

Дар ҷараёни иқдомҳои хайру эҳсонкорӣ, ки дар саросари ҷумҳурӣ идома дошт, ширкати Tcell ба ҳама минтақаҳо- НТМ, Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ВМКБ кӯмакҳои худро ироа намуд. Теъдоди кӯдаконе, ки аз ширкат ҳадяву кӯмак гирифтанд беш аз 600 нафарро ташкил медиҳад. 

Хандаи беғаши кӯдакон, интизорӣ ва боварӣ ба амалишавии орзуҳо, рухдоди мӯъҷизаҳои сеҳрнок дар арафаи ид ва рӯзҳои Соли нав барои атфол амри маъмул ва табиӣ аст. Аз ин рӯ, ширкати Tcell ҳамасола барои онҳое, ки ин ид ва маросимро бесаброна интизор мешаванд, фазои вижаи идона муҳайё месозад. Ҳамчун ширкати масъулияти иҷтимоидошта Tcell ҳамеша лоиҳаҳои хайриявиро баргузор ва сарпарастӣ менамояд. Бо ироаи кӯмак ва дастгирии қишрҳои осебпазири ҷомеъа, ширкати Тсеll вазифаи иҷтимоиашро анҷом медиҳад.

___________________

 Tcell –бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED – Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми панҷоҳу панҷуми ин асари...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.