Тавсияи эҳтиёткорӣ ба амрикоиҳо зимни ҷашнҳои солинавӣ дар Тоҷикистон

Date:

Сафоратхонаи ИМА дар Душанбе ба ҳамаи амрикоиҳои муқими Тоҷикистон ҳушёрии ҷиддиро ҳангоми ҷашнҳои солинавӣ маслиҳат додааст.

Хадамоти амнияти намояндагии дипломатии ИМА ба шаҳрвандони худ тавсия медиҳад, ки зимни ҷашнгирии Соли нав дар тарабхонаву қаҳвахонаҳо, меҳмонхона ва ҷойҳои ҷамъиятӣ аз ҳушёриву эҳтиёт кор гиранд, хабар дода мешавад дар сомонаи сафоратхона.

Ҳамчунин ба амрикоиҳо тавсия дода мешавад, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ аз истеъмоли зиёди машрубот худдорӣ намоянд. Ғайр аз ин, аз онҳо даъват шудааст, ки аз ҷойҳои сериздиҳоми мардум худро канор гирифта, ботаҳаммул бошанд.

Сафорат хотиррасон менамояд, ки санаи 29 июли соли равон дар Тоҷикистон террористон ба сайёҳон ҳамла намуда, 4 нафар, аз ҷумла 2 шаҳрванди ИМА-ро куштанд.

Ба шаҳрвандони ИМА ҳамчунин тавсия дода шудааст, ки дар сурати зарурат ба сафоратхонаи кишвар дар Душанбе муроҷиат намоянд.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...