Гази Ӯзбекистон то ба қисмате аз аҳолии Тоҷикистон расид

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Баъди танаффуси ҳафтсола интиқоли гази табиӣ, ки аз Ӯзбекистон ворид мешавад, ба қисмате аз аҳолии шаҳри Душанбе оғоз гардид.

Аз аввали ҳамин моҳ наздики 20 хонаҳои хусусии воқеъ дар қисмати шимолу шарқӣ пойтахт ба лӯлаи газ пайваст шуданд, хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори хадамоти садамавии ҶСК “Душанбегаз” Собир Тағоев.

Ӯ қайд кард, ки истеъмолгарон барои 1 метри мукааби газ 1,7 сомонӣ маблағ пардохт мекунанд, ки дар муқоиса бо арзиши он дар нуқтаҳои фурӯш бамаротиб арзонтар аст.

Бино ба гуфтаи Тағоев, айни замон корҳо оид ба барқарор намудани зербино ҷараён дошта, то охири моҳ боз 20-30 хона бо гази табиӣ таъмин мешаванд.

“Алҳол ба хотири бехатарӣ аз интиқоли гази табиӣ ба хонаҳои баландошёна худдорӣ кардем, чунки дар ин хонаҳо оид ба барқарор кардани иншооти зербино корҳои зиёдеро ба сомон расонидан лозим аст, ки маблағи зиёдро металабанд”, – гуфт Тағоев.

Ғайр аз ин, таъкид дошт номбурда, бинобар сабаби мавҷуд набудани газ, корхонаи “Душанбегаз” муддати тӯлонӣ кор намекард ва мутаносибан барои барқарор кардани тамоми иншооти зербино дар муддати кӯтоҳ имкону восита надорад. “Чунки лӯлаҳову ҳисобкунакҳои истеъмолгаронро мо бояд аз ҳисоби худ барқарор кунем”, – гуфт ӯ

Зимнан зикр гардид, ки айни замон “Душанбегаз” шабонарӯзӣ то 600 ҳазор метри мукааб газ гирифта, ҳозир истеъмолгари асосии гази Ӯзбекистон Маркази барқу гармидиҳии Душанбе мебошад, зерои истифодаи газ барои марказ 5 баробар аз мазут ва 4 баробар аз ангишт арзонтар меафтад.

Ба қавли намояндаи “Душанбегаз”, айни замон чанде аз меҳмонхонаву корхонаҳои хурд, ки дар наздикии шоҳқубур ҷойгиранд, низ ба миқдори начандони зиёд гази табиӣ мегиранд. “Феълан дар мавриди пайвастани меҳмонхонаи Hyatt Regency Dushanbe ба лӯлаи гази табиӣ корҳо ҷараён доранд”, – иброз дошт вай.

Зимнан илова шуд, ки “Душанбегаз” ба афзоиши шумори истеъмолгарони гази табиӣ дар пойтахт манфиатдор аст, чунки бо анҷоми мавсими гармидиҳӣ, Маркази барқу гармидиҳӣ корашро қатъ намуда, гази барои он пешбинишударо лозим аст, ки ба ҷойи дигаре интиқол диҳанд.

Мувофиқи маълумоти охир (аз гузориши “Мониторинг ва огоҳии барвақтӣ дар Тоҷикистон”) то 1 октябри соли 2018 аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ба маблағи қариб баробар ба 1 млн. доллар наздики 10 млн. метри мукааб газ ворид шудааст. Ин маънои онро дорад, ки “Тоҷиктрансгаз” барои 1 ҳазор метри мукааб ба Ӯзбекистон 100 доллар маблағ пардохт мекунад, ки тақрибан се маротиба арзонтар нисбат ба нархҳои ҷаҳонӣ ба ин навъи сӯзишворӣ мебошад.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...