Рустами Эмомалӣ дар Хоруғ 5 майдончаи замонавии варзишӣ месозад

АМИТ “Ховар”

Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маросими ҷоизасупорӣ ба варзишгарони вилоят  баргузор гардид.

Бино ба иттилои АМИТ “Ховар”, дар вазъияти тантанавӣ иҷрокунандаи  вазифаи раиси вилоят Ёдгор Файзов ба 95 нафар варзишгарони вилоят ва мураббиён Ҷоиза, сипосномаю ифтихорнома ва маблағҳои пулӣ тақим намуда,  роҷеъ ба рушди варзиш ва дастовардҳои варзишгарони вилоят дар соли 2018 маълумот дод ва ба кулли мураббиёне, ки ба тарбияи варзишгарони ҷавон машғуланд, изҳори сипос намуд.

Гуфта мешавад, ба андешаи роҳбарияти вилоят, соли 2018 барои варзишгарони вилоят соли дастоварду комёбиҳо ба ҳисоб меравад, зеро дар ин сол   варзишгарон Хушқадам Хусравов ва Шакармаҳмад Мирмаҳмадов дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ ширкат варзида, соҳиби ҷойи намоён ва унвони баланд- чемпиони ҷаҳон шуданд.

Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки соли 2019 аз ҷониби раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Хоруғ боз панҷ майдончаи зебою замонавии варзишӣ бунёд карда мешаванд.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳоло дар вилоят 62 иншооти соҳа  ва 10 мактаби варзишӣ фаъолият доранд. Соли 2018 варзишгарони вилоят дар 262 мусобиқаи ҷумҳуриявию байналмилалӣ ширкати фаъолона намуда, сазовори 65 медали тилло  шуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...