5 иқдоми муҳими Маҳмадсаид Убайдуллоев

Date:

Дар бораи сиёсатмадори ботаҷриба ва роҳбари сахтгир будани Маҳмадсаид Убайдуллоев касе баҳс намекунад. Аксари онҳое, ки ӯро мешиносанд, ба як нуктаи муҳим ишора менамоянд, ки ӯ роҳбари серкор ва серталаб аст.

Маҳмадсаид Убайдуллоев аз соли 1996 то соли 2017 – 21 сол раиси шаҳри Душанбе буд. Дар ин муддат ӯ иқдоми зиёдеро дар шаҳр амалӣ намуд, ки бархӯрди ҷомеа ба он яксон набуд. Дар матлаби зер кӯшиш шудааст, ки 5 иқдоми амалинамудаи Маҳмадсаид Убайдуллоев, ки аксари сокинон ва таҳлилгарон онро муҳим мешуморанд, зикр карда шавад.

Мубориза бо силоҳбадастон

Пас аз ҷанги шаҳрвандӣ дар Душанбе гуруҳҳо ва шахсони зиёди силоҳбадаст амал мекарданд, ки танҳо ба қумандонҳои худ итоат менамуданд. Муборизаи раиси шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоев бо силоҳбадастон тақрибан солҳои 2000-ум оғоз ёфт. Ӯ тавонист ҳамаи нафарон ва гуруҳҳои силоҳбадастро бесилоҳ гардонад. Пойтахти кишвар дар як муддати кӯтоҳ ба шаҳри амн табдил ёфт ва ҳамин буд, ки ҷоизаи шаҳри сулҳро сазовор гашт.

Раҳоӣ аз дотатсия

Имрӯз шаҳри Душанбе қисми муайяни маблағи буҷаи мамлакатро пардохт менамояд. Аммо замоне, буҷаи шаҳри Душанбе низ аз ҳисоби буҷаи ҷумҳуриявӣ маблағгузорӣ карда мешуд. Маҳмадсаид Убайдуллоевро яке аз нафароне меҳисобанд, ки тавонист қисми даромади буҷаи шаҳрро аз хароҷоти он бештар намояд ва буҷаи пойтахтро аз дотатсия раҳо созад. Барои ин ӯ ба соҳибкорон имкон ва шароити рушд фароҳам овард. Бо ин роҳ, аз ҳисоби афзоиши пардохто буҷаи Душанбе аз дотатсия берун шуд.

Нақшаи генералии Душанбе

Нақшаи генералии Душанебе соли 1983 тасдиқ шуда буд. Аммо нақшаи генералии нав маҳз замони роҳбарии Маҳмадсаид Убайдуллоев таҳия гардид. Гуфта мешавад, ки нақшаи нав бо назардошти шароити имрӯза ва тақозои замон таҳия гардидааст. Тибқи он, то соли 2025 масоҳати Душанбе аз 12,7 ҳазор гектари имрӯза ба 18 ҳазор васеъ карда мешавад. То соли 2040 масоҳати Душанбе ба 25 ҳазор гектар ва пас аз соли 2040 ба 30 ҳазор гектар баробар мегардад. Масоҳати Душанбе аз ҳисоби заминҳои ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ваҳдат ва Ҳисор васеъ карда мешавад.

Ҳамкории қавӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ

Маҳмадсаид Убайдуллоев бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамкории зичро ба роҳ монда буд. Дар ҷаласаҳои шаҳрдорӣ намояндагони ҳамаи ҳизбҳо ва ҷомеаи даъват карда мешуданд. Ӯ талаб мекард, ки намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба комиссияҳои ташкилшуда ворид карда шаванд ва бо ин роҳ ҳамкории онҳо бо мақомоти шаҳрро тақвият медод.

Ҳамчунин, ӯ аз камтарин мақомдори сатҳи болоии ҳукумат буд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифаи худро боз кардаву бо фаъолони фейсбук мулоқоти хоса ташкил намуд. Роҳандозии сомонаҳои интернетии “Мо метавонем” ва “Бе миёнаравҳо” низ як навъ ба роҳ мондани равобити мустақим бо сокинони Душанбе буд.

Об ва шаҳри тоза

Ҳарчанд таваҷҷуҳ ба тозагиву ободонии шаҳр вазифаи мустақими раиси пойтахт дониста мешавад, аммо бартараф кардани камбудиҳо дар ин самт иродаву қотеияти махсусро талаб мекунад. Маҳз сахтгирии Маҳмадсаид Убайдуллоев буд, ки дар шаҳри Душанбе ба тоза кардани партовҳо таваҷҷуҳ бештар гардид. Дар ин маврид, ҳатто раиси собиқи шаҳр гуфта буд, ки агар лозим шавад дар назди ҳар як партовгоҳи пойтахт камераи назоратӣ мегузорад ва кори масъулинро назорат мекунад.

Нуктаи дигаре, ки зикр карда мешавад, ин таъмини сокинони пойтахт бо оби тоза аст. Аксари сокинони Душанбе дар хотир доранд, ки солҳои қабл, дар мавсими боронгариҳо ба хонаҳояшон оби ифлос ва лой интиқол меёфт. Аммо Маҳмадсаид Убайдуллоев бо таъмир кардани марказҳои обрасонӣ, тавонист ин мушкили сокинони пойтахтро ҳал кунад.

Маълумотнома:

Маҳмадсаид Убайдуллоев, ходими давлатӣ ва ҷамъиятии шӯравӣ ва тоҷик, 1 феврали 1952 дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон таваллуд шудааст.

Солҳои 1968—1970 дар Донишкадаи политехникии Тоҷикистон таҳсил намудааст. Соли 1974 Донишкадаи политехникии ба номи Ленини шаҳри Харкови Украина ва соли 1985 мактаби олии ҳизбии назди КМ ҲКИШ дар Тошкандро хатм намудааст.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1974 дар вазифаи сармуҳандиси гурӯҳи идора ва назорати корҳои шабакаҳои иттилоотӣ-ҳисоббарорӣ ва мошинҳои ҳисоботии ноҳиявӣ (шаҳрӣ) Раёсати омори вилояти Кӯлоб оғоз намуда, дар ин ниҳод то ба мақоми муовини сардори Раёсати омори марказии ҶШС Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Солҳои 1990 – 1992 дар вазифаи муовини Раиси Кумитаи Иҷроияи Шӯрои вакилони халқи вилояти Кӯлоб кор карда, солҳои 1992—1994 ҳамчун муовини Раиси Шӯрои Вазирони Тоҷикистон фаъолият намудааст. Солҳои 1994 – 1996 муовини якуми сарвазири Тоҷикистон буд ва соли 1996 ба вазифаи раиси шаҳри Душанбе таъйин гирдид. Дар ин вазифа ӯ 21 сол фаъолият намуда, соли 2017 аз вазифа озод шуд. Аз соли 2000 то ҳол раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Бо орденҳои «Дӯстӣ», «Исмоили Сомонӣ», «Зарринтоҷ» ва як қатор ҷоизаву мукофотҳои дигари давлативу байналмилалӣ сарфароз гардонида шудааст.

Оиладор, соҳиби ду писар ва як духтар аст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...