Туркманистон сармоягузорӣ ба Академияи илмҳояшро қатъ мекунад

Туркманистон эълом кард, ки сармоягузории Академияи илмҳои ин кишварро тадриҷан қатъ мекунад. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, бо ин амал Туркманистон талош дорад, иқтисоди кишварро тақвият бахшад ва дар пасманзари коҳиши бахши энержӣ пулро сарфа кунад. Сармоягузории давлатии Академияи илмҳо дар зарфи се сол зина ба зина қатъ карда мешавад. Гуфта мешавад, дар […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Туркманистон эълом кард, ки сармоягузории Академияи илмҳои ин кишварро тадриҷан қатъ мекунад.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, бо ин амал Туркманистон талош дорад, иқтисоди кишварро тақвият бахшад ва дар пасманзари коҳиши бахши энержӣ пулро сарфа кунад. Сармоягузории давлатии Академияи илмҳо дар зарфи се сол зина ба зина қатъ карда мешавад.

Гуфта мешавад, дар натиҷа 26 институти илмиву таҳқиқотӣ ва Хадамоти давлатии зилзилашиносӣ аз пуштибонии давлат маҳрум мешаванд. Академияи илмҳо ҳамчунин комисияи илмии аттестатсионии Туркманистон, 17 мактаби олӣ, 2 маркази таҳқиқотии тиббӣ, 1 китобхона ва 2 нашриётро дар ҳайати худ дорад.

Зимнан зикр мегардад, ки Академияи илмҳои Туркманистон соли 1998 як маротиба аз пуштибонии давлатӣ маҳрум шуда, танҳо бо пуштибонии ҷамъиятӣ фаъолият мекард. Вале соли 2009 президенти нави кишвар Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов онро барқарор кард. Академияи илмҳои Туркманистон соли 1951 дар шаҳри Ишқобод таъсис шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.