Ҳалокати наврас бар асари таркиши тир дар машқгоҳи Лоҳур

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Хонандаи синфи 9-уми мактаби таҳсилоти умумии №90 ноҳияи Рӯдакӣ Сироҷиддин Раҷабов аз таркиши тири гранатомёт (норинҷакафкан), ки санаи 3 феврал дар қаламрави машқгоҳи ҳарбии Лоҳур ёфта буд, ба ҳалокат расидааст, хабар медиҳад маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон.

“Наврас тири кӯҳнаи гранатомётро бо мақсади оҳанпораи он ба санг мезанад, ки дар натиҷа таркиш рух дода, аз ҷароҳатҳои бардошта Раҷабов дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”, – хабар медиҳад ВКД.

Дар маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон ҳамчунин қайд карданд, ки наврас ба машқгоҳ барои ҷамъоварии оҳанпора рафта будааст.

Зимнан зикр гардид, ки ин далел мавриди тафтишу таҳқиқ қарор дорад.

Машқгоҳи ҳарбии Лоҳур дар 15 километрии ҷанбуи Душанбе воқеъ аст. Мувофиқи созишномаи баимзорасида байни ҳукуматҳои Тоҷикистону Русия моҳи октябри соли 2012, дар давраи дар қаламрави Тоҷикистон ҳузур доштани пойгоҳи низомии 201-уми Русия (то соли 2042), тамрингоҳи Лоҳур ҷиҳати баргузории таълиму машқҳо ба ин пойгоҳ дода шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...