Ҳалокати наврас бар асари таркиши тир дар машқгоҳи Лоҳур

Хонандаи синфи 9-уми мактаби таҳсилоти умумии №90 ноҳияи Рӯдакӣ Сироҷиддин Раҷабов аз таркиши тири гранатомёт (норинҷакафкан), ки санаи 3 феврал дар қаламрави машқгоҳи ҳарбии Лоҳур ёфта буд, ба ҳалокат расидааст, хабар медиҳад маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон. “Наврас тири кӯҳнаи гранатомётро бо мақсади оҳанпораи он ба санг мезанад, ки дар натиҷа таркиш рух дода, аз ҷароҳатҳои […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Хонандаи синфи 9-уми мактаби таҳсилоти умумии №90 ноҳияи Рӯдакӣ Сироҷиддин Раҷабов аз таркиши тири гранатомёт (норинҷакафкан), ки санаи 3 феврал дар қаламрави машқгоҳи ҳарбии Лоҳур ёфта буд, ба ҳалокат расидааст, хабар медиҳад маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон.

“Наврас тири кӯҳнаи гранатомётро бо мақсади оҳанпораи он ба санг мезанад, ки дар натиҷа таркиш рух дода, аз ҷароҳатҳои бардошта Раҷабов дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”, – хабар медиҳад ВКД.

Дар маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон ҳамчунин қайд карданд, ки наврас ба машқгоҳ барои ҷамъоварии оҳанпора рафта будааст.

Зимнан зикр гардид, ки ин далел мавриди тафтишу таҳқиқ қарор дорад.

Машқгоҳи ҳарбии Лоҳур дар 15 километрии ҷанбуи Душанбе воқеъ аст. Мувофиқи созишномаи баимзорасида байни ҳукуматҳои Тоҷикистону Русия моҳи октябри соли 2012, дар давраи дар қаламрави Тоҷикистон ҳузур доштани пойгоҳи низомии 201-уми Русия (то соли 2042), тамрингоҳи Лоҳур ҷиҳати баргузории таълиму машқҳо ба ин пойгоҳ дода шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.