Нархи оби нӯшокӣ нимсолаи аввал боло намеравад

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Нархи оби нӯшокӣ нимсолаи аввал дар Тоҷикистон боло намеравад, итминон дод директори генералии КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” Ҷамшед Табарзода.

Ӯ имрӯз ба журналистон хабар дод, ки айни замон корхона ҷиҳати муайян кардани арзиши аслии истеҳсоли оби нӯшокӣ таҳқиқот мегузаронад ва баъди ҷамъбасти натиҷаҳои семоҳаи дуюми соли 2019 дар ин хусус хулоса бароварда хоҳад шуд.

Ҳамчунин хотиррасон шуд, ки мувофиқи қонунгузорӣ, тарифҳо ба таъминот бо об, баровардани партов ва дигар хизматрасониҳои коммуналӣ бояд ҳамасола мавриди бозбинӣ қарор гиранд.

“Айни замон мо масъалаи ба як низом овардани тарифҳоро баррасӣ ва бори дигар арзиши аслии воқеии истеҳсоли оби нӯшокиро муайян карданием. Ҳозир дар ин бора ягон пешниҳоди мушаххасе вуҷуд надошта, баъди натиҷагирӣ аз фаъолият дар нимсолаи аввали соли равон ба хулосае расидан имкон дорад”, – гуфт ӯ.

Қаблан, тобистони соли гузашта дар КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” қайд карда буданд, ки арзиши аслии 1 метри мукааби оӣби нӯшокӣ 2,65 сомониро ташкил медиҳад ва ин дар замоне буд, ки аҳолии минтақаҳои ҷумҳурӣ барои 1 метри мукааби он ба ҳисоби миёна 0,91 сомонӣ маблағ пардохт мекард.

Аммо тирамоҳи соли ҷорӣ тарифҳо ба об якбора ба миқдори назаррас боло рафта, пас аз ин сокинони пойтахт ба пардохти 1,73 сомонӣ барои 1 метри мукааб (се баробар болоравӣ ҳамроҳи обу корез 2,34 с) ва аҳолии минтақаҳо – пардохти аз 1,57 то 2,40 сомони (барои оби нӯшокӣ ҳамроҳи обу корез) бо ҳисобкунак вобаста ба минтақаҳо ва коэффисиенти онҳо уҳдадор шуданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...