Пешниҳоди арзон кардани билетҳо ба ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

“Семоҳаи охири соли гузашта мо намояндагони ширкатҳои ҳавопаймоии ватаниро назди худ хонда, иловагӣ арзиши билетро таҳлил ва ба сиёсати нархгузорӣ тасҳеҳ ворид намудем, то ки мусофирон аз фурудгоҳҳои мо ва хизматрасонизои ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ истифода кунанд”, – гуфт зимни нишасти хабарии рӯзи 11 феврал директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон Икром Субҳонзода.

Дар натиҷа, қайд кард ӯ, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли пешин нархи билетҳо дар мавсими тирамоҳу зимистони имсола ба ҳисоби миёна 15-20% поин рафт.

“Ҳозир нархи билет ба гунаи мисол ба хатсайри Душанбе-Маскав то 2,4 ҳазор сомониро ташкил дода, қаблан арзиши он ба то 3 ҳазор сомонӣ мерасид”, – гуфт Субҳонзода. – Ғайр аз ин, агар билет як моҳ пеш аз парвоз харида шавад, он ҳатто поинтар аз 2 ҳазор сомонӣ нарх дорад”.

Икром Субҳонзода таъкид дошт, ки тағйири нархи билетҳо ҳамчунин ба он вобаста аст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ба истифода аз фурудгоҳҳои наздики дигар кишварҳо – Қирғизистону Ӯзбекистон оғоз намуданд.

“Масалан, дар масоҳати то 300 километр аз фурудгоҳи Хуҷанд 10 фурудгоҳи кишварҳои ҳамсоя ҷойгир аст, ки нархи билет дар онҳо нисбатан пасттар аст ва ин иқдом барои он пеш гирифта шудааст, ки ширкатҳои ватанӣ мусофиронро аз даст надиҳанд”,- гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, намояндаи ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” Қосим Валиев зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки нархи билет ба талабот ва пешниҳоди бозор вобаста буда, дар интихоб, яъне сафар бо автобус, қатора ё дигар навъи нақлиёт мусофирон озоданд.

“Ширкати таъминоти сӯзишворӣ” гунаҳкор нест

Қаблан дар ширкатҳои ҳавопаймоӣ изҳор мекарданд, ки нархи баланди билетҳо дар навбати аввал ба сӯзишвории авиатсионии ниҳоят гарон вобаста аст, ки дар фурудгоҳҳои Тоҷикистон фурӯхта мешавад.

Аз ҷумла онҳо зикр мекарданд, ки барои ҳар як тонна сӯзишворӣ ба ҶСК “Ширкати таъминоти сӯзишворӣ” то 1,5 ҳазор доллар маблағ пардохт мекунанд ва ин ҳам дар ҳолест, ки дар фурудгоҳҳои кишварҳои ҳамсоя ин миқдор сӯзишворӣ ду баробар арзонтар фурӯхта мешавад.

Директори генералии нави “Тоҷик Эйр” Дилшод Исматуллозода бар ин назар аст, ки дар гаронии билетҳо айбдор донистани танҳо фурӯшандагони керосини авиатсионӣ начандон дуруст аст.

“Ман ҳеҷ гоҳ нагуфтаам, ки гаронии билет ба нархи баланди сӯзишворӣ вобаста аст. Ин ҳамчунин ба вазъи техникии ҳавопаймоҳо низ вобаста буда, ҳар қадре ки техника кӯҳна бошад, хароҷоти он зиёдтар мешавад. Ҳамчунин барои такмили касбии ҳайати идоракунандагони ҳавопаймоҳо воситаҳои муайян ҷудо карда мешаванд ва табиист, ки ин ҳам ба ин ё он гунае ба арзиши билетҳо таъсир мерасонад”, – гуфт ӯ.

Нуқтаҳои фурӯши билетҳо аз байн мераванд

Аксарият нархи баланди билетҳои ҳавопаймоиро дар Тоҷикистон ба фурӯши онҳо аз ҷониби миёнаравон низ нисбат медоданд, ки аз фурӯши ҳар як билет маблағи муайяне ба даст меоварданд.

Ба гуфтаи Икром Субҳонзода, дарвоқеъ ҳам дар ҷумҳурӣ нуқтаҳои фурӯши билетҳои ҳавопаймоӣ мавҷуд буда, онҳо барои роҳандозии чунин навъи фаъолият ва дар сурати мутобиқат ба талабот аз Агентии авиатсия гражданӣ иҷозатнома мегиранд.

Субҳонзода таъкид дошт, ки ин нуқтаҳо бо ширкатҳои ҳавопаймоӣ шартнома баста, аз арзиши ҳар як билети фурӯхташуда 6-8% маблағ ба даст меоранд.

Ӯ зикр кард, ки ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ ба фурӯши билетҳои электронӣ оғоз намуданд, ки минбаъд ба аз фаъолият бозмондани нуқтаҳои фурӯши зикршуда мусоидат хоҳад кард.

Икром Субҳонзода илова намуд, ки ширкатҳои ҳавопаймоӣ билетҳоро а мусофирон бидуни миёнаравҳо фурӯхта, воситаҳои пулӣ бо тарзи ғайринақдӣ ба хазина (касса) ворид мешавад.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, соли гузашта арзиши сафар бо нақлиёти ҳавоӣ дар ҷумҳурӣ 6,4% боло рафтааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...