Роҳбари Тоҷик Кристалл: Тиллои маҳаки 999,9-ро захира кунед

Asia - Plus

Умед Абдураҳмонов, директори генералии кохи ҷавоҳироти Тоҷик Кристал 5 март меҳмони барномаи мустақими “Сарфагари оташдон”-и Радиои “Азия – Плюс” шуд ва дар бораи ҷавоҳирот чанд маслиҳати муфид дод.

Ӯ гуфт, ки ҳамаи тиллои ба кишвар воридгардида дар вазорати молия сабт мешавад. Инчунин, барои ҳар як ҷавоҳирот сертификат гирифта шуда, дар он муҳри махсус (маҳак ё “проба”) гузошта мешавад.

“Вақти харидорӣ ҳар кас метавонад сертификати ҷавоҳиротро талаб намояд”,- гуфт Умед Абдураҳмонов.

Инчунин ӯ зикр кард, ки нархи тилло дар биржаи Лондон муқаррар мегардад ва соли 2012 нархи он афзоиш ёфта, аммо ҳоло каме поён фаромадааст.

– Дар Тоҷикистон чӣ гуна арзиши ҷавоҳирот муайян мегардад? Аввал миқдори тиллои тозае, ки дар таркиби ҷавоҳирот ҳаст, мушаххас карда мешавад. Баъд нархи тиллоро бо қиммати ҷаҳонӣ ҳисоб мекунанд. Барои мисол, нархи як грамм тиллои маҳаки 585 ба 28 доллар баробар аст. Ба ин арзиши заҳмати заргар зам мегардад, ки он 5-6 доллар аст. Аммо ҳангоми фурӯши ҷавоҳирот вазн ва нархи сангҳои сунъӣ ба инобат гирифта намешавад,-гуфт ӯ.

Умед Абдураҳмонов ба шаҳрвандони кишвар маслиҳат дод, ки барои зиннати худ ё пайвандон маҳаки 585 ё 750-ро интихоб намоянд, аммо барои захира кардан маҳаки 999,9-ро харанд беҳтар аст.

– Дар сурати гудохтани тилло, сифати он тағйир намеёбад, аммо диққат диҳед, ки тиллои шумо дар куҷо ва чӣ гуна гудохта мешавад. Беҳтараш ба заргарони ҳирфаӣ ва санҷидашуда муроҷиат кунед,-иброз дошт ӯ.

Ҳамчунин, ӯ ба сокинони кишвар тавсия дод, ки ҷавоҳироти худро дар қуттиҳои пӯшида нигоҳ доранд. Дар чунин ҳолат, сифати он тағйир намеёбад.

Ба саволи он ки “оё тилло ва нуқра пӯстро сиёҳ мекунанд?” чунин посух дод:

– Тиллои босифат пӯстро сиёҳ намекунад. Аммо ду сабаби сиёҳ шудани пӯстро метавонам гӯям: истифодаи зиёди ороишоти касметикӣ ва ҷавоҳироти пастсифат. Аммо нуқра воқеан пӯстро сиёҳ мекунад.

Умед Абдураҳмонов дар хусуси тоза кардани ҷавоҳирот ҳам чанд маслиҳат дод:

– Дар об наҷӯшонед, ин дуруст нест. Ҷавоҳироти худро як муддат дар оби ширгарм гузоред ва баъд бо маҳлули шустушӯй онро тоза кунед. Пасон хушк намоед.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...