Муҳаббат Нозимова – як аз занҳои тоҷик аст, ки фаъолияти худро аз вазифаи муҳандиси завод оғоз карда, то ба мансабҳои баланди давлативу ҳизбӣ расидааст. Ӯ аз камтарин занҳоест, ки солҳои зиёд дар вазифаҳои роҳбарикунандаи вилояти Суғд кор карда, пас аз ба нафақа баромадан ҳам ҳамқадами замон боқӣ мондааст. Ҳоло ӯ аъзои шӯрои Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон буда, таҷрибаи ғании андӯхтаи худро ба дигарон меомӯзад.
Дар арафаи ҷашни Рӯзи модар тасмим гирифтем, ки бо Муҳаббат Нозимова мусоҳибае анҷом диҳем.
– Муаллимаи азиз, пеш аз ҳама ҷашни Рӯзи модар муборак бошад! Баъдан мехостем фаҳмем, ки чаро табиб, муаллима ё иқтисодчӣ не, балки муҳандис шудед?
– Ташаккури зиёд! Ман ҳам ҳамаи модарон – бонувони тоҷикро бо ин ҷашн табрик мегӯям. Мехоҳам, ки онҳо ҳамеша хушбахт бошанд.
Мактаберо, ки ман дар он таҳсил кардаам, заводи таҷҳизоти автомобили шаҳри Конибодом сарпарастӣ мекард. Дар асоси шартномаи ҳамкорӣ, мо – хонандагони мактаб, ҳар моҳ се-чор маротиба ба он завод рафта, ба коргарони он ёрӣ мерасонидем. Аз ҳамон замон дар дили ман шавқи муҳандис шудан бедор шуд.
Чун волидонам омӯзгор буданд, мехостанд, ки ман ҳам омӯзгор шавам. Ба онҳо фаҳмонидам, ки мехоҳам дар заводи қисмҳои эҳтиётии автомобилҳои шаҳрамон ҳамчун муҳандис фаъолият кунам. Волидонам ҳам розӣ шуданд ва ҳамин тавр муҳандис гардидам.
– Оё барои духтар муҳандис шудан душвор набуд?
– Ба Донишкадаи политехникии Тошканд, факултаи механикӣ дохил шудам. Дар гуруҳ 140 писар ва 2 духтар будем. Бисёре аз пайвандонам мегуфтанд, ки “ту чӣ гуна метавонӣ муҳандис шавӣ, дар ҳоле ки қуввати бардоштани як таҷҳизоти техникиро надорӣ. Беҳтараш ба соҳае рав, ки барои занону духтарон мувофиқ бошад!”
Баъди як моҳи таҳсил маҷбур шудам ба факултаи кимиёвӣ гузарам. Бо ихтисоси муҳандиси технологияи хӯрокворӣ таҳсилро оғоз кардам. Баъди хатми донишкада корро дар заводи равғанбарории шаҳрамон оғоз кардам. Кор дар он завод бароям бисёр шавқовар буд. Кӯшиш мекардам, ки аз мардҳо қафо намонам ва ҳатто аз онҳо бештар кор кунам.
– Аслан бо мардҳо кор мекардед. Оё шудааст, ки онҳо ба шумо бо чашми кам нигариста бошанд?
– Чун ман хатмкардаи донишкада будаму диплом доштам, дар сехи равғантозакунӣ вазифаи устогиро доданд. Муҳандиси мо як марди бисёр шӯх буд. Боре соати яки шаб занг зада, гуфт, ки ҳавокаши вакуумӣ аз кор мондааст ва бояд таъмир кард. Гуфтам, ки мошин фиристед, меравам. Вақте ба корхона омадам, дар сехи мо оромӣ буд. Агар равған соф нагардад аз дигар сехҳо равған қабул карда намешавад, зеро ҳамаи зарфҳои калон бо равған пур мешавад. Механик ва челонгарони сехро даъват карда гуфтам, ки тири асосии фазои холии насосро кушода, форсункаҳои онро тоза кунед. Худам ба утоқам баромада интизор нишастам. 10 – 15 дақиқа нагузашта, насос ба кор даромад.
Баъди чанд сол ҳамон муҳандиси завод иқрор шуд, ки он вақт маро санҷида буданд. Ӯ гуфт, ки он замон фаҳмидем, ки устои босавод ва таҷрибанок будаед. Шукр гуфтам, ки аз чунин санҷишҳо сарбаландона гузашта, то ба имрӯз расидам.
– Чӣ тавр ба кори ҳизбӣ гузаштед?
– Соли 1970 маро ба кори ҳизбӣ даъват карданд. Дар Кумитаи марказии комсомол як сол фаъолият кардам ва дар ин фосила тасмим гирифта шуд, ки дар коргоҳи пешинаам корҳои азнавкуниву барқарорсозии техникӣ шурӯъ шавад. Хоҳиш кардам, ки дар раванди азнавсозии корхона ва ба комбинат табдил додани он ширкат варзам. Ҳамин тавр боз ба заводи равғанбарорӣ баргаштам ва онро ба комбинат табдил додем.
Бо мурури замон ба кори ҳизбӣ баргашта, дар Кумитаи иҷроияи ҳизбии шаҳри Конибодом фаъолият намудам. Баъдан дар вазифаҳои раиси Кумитаи иҷроияи шаҳри Конибодом, муовини раиси кумитаи иҷроияи вилоят фаъолият бурдам. Котиби кумитаи ҳизби коммунисти вилоят будам. Фонди ҳифзи иҷтимоии вилояти Суғд охирин мақоми давлатии ман буд. Аз ин симат ба нафақа баромадам.
– Ба Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон чӣ тавр омадед?
– Ман ҳамеша андеша мекардам, ки аз дирӯз бештар бояд кор кунам. Талош мекардам, ки ҳамеша омӯзам ва дар ҷараёни навигариҳо бошам. Аммо ҳеҷ гумон надоштам, ки дар синни нафақа дар Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон (АМЗСТ) корро аз нав оғоз мекунам.
Соли 2002 дар як маҷлис бо Санавбар Шарипова, директори АМЗСТ вохӯрдам. Пештар ҳам он касро чун ҷавондухтари боғайрату донишманд мешинохтам. Пешниҳод карданд, ки якҷо бо онҳо кор кунам. Ҳамин тавр, инак 18 сол мешавад, ки аъзои Шӯрои АМЗСТ мебошам.
Рӯзҳои аввали корӣ бароям хеле душвор буд. Зеро 28 сол дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият карда будам ва низоми кории мо он замон дигар буд. Аммо инсон агар хоҳиш дошта бошад, метавонад тафаккури худро дигар кунад.
Чун муҳити коргоҳам хуб буд, зуд техникаи замонавӣ ва забонҳои хориҷиро омӯхтам. Тарз ва усули кори замонавиро тез аз худ кардам.
Хушҳолам, ки бо чунин занони қавиирода, самимӣ ва кордон ба мисли Санавбар Шарипова, Гулбаҳор Маҳкамова, Муяссархон Пӯлотова, Маликахон Мирзобаҳодурова, Масъуда Ҳакимова якҷо кор мекунам.
– Муҳимтарин омил барои муваффақияти занон чӣ аст?
– Ҳар як зан барои ояндаи худ, барои ҳаёти оилавии худро пеш бурдан бояд кӯшиш намояд. Барои муваффақ шудан, фаъолият дар доираи як диплом, ё маълумоти олӣ кифоя нест. Муваффақ шудан аз инсон машаққати бисёрро талаб мекунад. Зиндагӣ роҳи ҳамвор нест, пастиву баландӣ, талхию ширинӣ дорад. Таҳаммул, сабр ва доштани мақсади муайян ҳар занро муваффақ мегардонад. Ҳар қадар ҷаҳду талош кунад, ҳамон андоза нақшаҳои бузурги назди худ мондаро амалӣ карда метавонад.
Ба занҳо гуфтаниям, ки агар кореро шурӯъ карданд, бояд то ба охир талош кунанд. Агарчи душвор аст, аммо бояд ҳаракат кард то кори оғозкарда ба охир расонида шавад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.


