Боздошти Кабир Кабиров, писари молики бозори “Султони Кабир”

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Кабир Кабиров аз рӯи далели содир намудани садамаи нақлиёти марговар зимни идораи автомашинаи тамғаи “Лексус-450” боздошт ва дар тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО) қарор дорад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе.

“Ӯ субҳи рӯзи 24 март боздошт ва айни замон дар тавқифгоҳи муваққатӣ қарор дорад. Кабиров дар роҳ додан ба қоидавайронункунӣ зимни ҳаракат дар роҳ (қ. 3, моддаи 212 КҶ ҶТ) айбдор карда мешавад”, – гуфт як манбаъ аз РВКД.

Дар қисми 3-юми моддаи 212 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ҷазои маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз 5 то 10 сол пешбинӣ шудааст.

Дар ҳамин ҳол, манбаъ маълумоти маст будани Кабировро аз машрубот зимни рух додани садама ва дар натиҷаи барпо кардани пойга ба вуқӯъ пайвастани ин ҳодисаро рад кард.

“Ба воситаи камераҳои “Шаҳри бехатар” мо муайян кардем, ки то рух додани ҳодиса ӯ ба қонуншикание роҳ надода, дар чароғакҳо мошинро бозмедошт. Фарзияи дар ҳолати мастӣ аз машрубот будани ӯ низ тасдиқ нашуд”, – хабар дод манбаъ.

Аз бемористони “Истиқлол” хабар доданд, ки пас аз садама Кабир Кабиров бо ҷароҳатҳои начандон вазнин назди онҳо оварда шудааст.

“Пас аз садамаи санаи 23 март ӯ бо ҷароҳатҳои начандон вазнин дар палатаи оддӣ бистарӣ шуда буд. Вазъаш муътадил ба ҳаёташ чизе таҳдид намекард. Суҳи рӯзи 24 март ӯро аз бемористон бурданд”, – хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз беморхона.

Ҳамчунин аз беморхонаи мазкур хабар доданд, ки вазъи солимии ҷабрдида дар ин садама Саидвалӣ Убайдуллоев вазнин арзёбӣ мешавад.

“Саидвалӣ Убайдуллоев дар шуъбаи эҳёгарии беморхона бстарӣ буда, вазъи солимиаш доимо вазнин аст. Ӯ аз майнаи сараш зарб хӯрда, боз ҷароҳатҳои дигар бардоштааст”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” мудири шуъбаи эҳёгарии беморхонаи “Истиқлол” Назар Отақулов.

Ёдрас мекунем, ки шаби 23 март Кабир Кабирови 19-сола, писари молики бозори “Султони Кабир” дар Душанбе Аваз Кабиров, зимни идораи автомашинаи “Лексус-450” дар хиёбони Рӯдакӣ, дар маркази пойтахт ба садама дучор шуда, дар натиҷа ду муофири автомашина – Саидҷаъфар Саидови 19-сола ва Некзода Саҳобиддинзодаи 19-сола ҳалок шуданд.

Ронанда ба зиёд шудани суръати аз меъёр баланд роҳ дода, автомашина нахуст ба панҷараи бетонии назди бинои парлумон ва сипас ба симчӯб бармехӯрад.

Кабир Кабирови 19-сола донишҷӯи курси 1-уми факултаи муносибатҳои байнулмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...