Маҳбусони зиндони №4 изҳороти аз номашон нашршударо рад карданд

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Маҳбусони муассиса ислоҳии №4 даст доштани худро дар пахши изҳорот дар бораи ҷой доштани таҳқирҳо аз ҷониби раҳбарияти муассиса рад карданд, хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон Мансурҷон Умаров.

“Пас аз нашри изҳороти гурӯҳи маҳбусони муассисаи ислоҳии №4-и шаҳри Душанбе дар шабакаҳои иҷтимоӣ ман шахсан бо ҳар кадоме аз онҳо вохӯрдам. Онҳо мавриди таҳқир қарор гирифтанашонро аз ҷониби раҳбарияти муассиса рад карданд”, – иброз дошт Умаров.

Генерал-лейтенант ҳамчунин қайд кард, ки бо дастури ӯ раҳбаряити Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия ба аёдати оилаҳои маҳбусони муассиса рафтааст.

“Ҳамсарони онҳо низ зикр карданд, ки ҳеҷ гоҳ барои дидор бо шавҳаронашон ба роҳбарони муассиса маблағ пардохт накардаанд. Ҳамаи баёноту нишондодаи ҳам маҳбусон ва ҳам аъзои оилаҳои онҳо ҳуҷҷатгузорӣ шуда, зери он имзои онҳо гузошта шудааст”, – қайд кард Умаров.

Бино ба гуфтаи ӯ, ҳеҷ як аз далелҳои аз ҷониби маъмурияти муассиса аз маҳбусон талаб кардану гирифтани пул тасдиқ нашудааст.

“Ғайр аз ин, ҳангоми суҳбати рӯ ба рӯ бо ман ҳамаи онҳое, ки номашон дар матни муроҷиатнома зикр шудааст, изҳор доштанд, ки бори нахуст дар бораи вуҷуд доштани чунин изҳорот огаҳӣ пайдо кардаанд”, – илова намуд Умаров.

Бино ба иттилои сомонаи расонаи мустақили “Ахбор”, чанде пеш як гурӯҳи маҳбусони зиндони низомаш пурзӯри рақами чоруми шаҳри Душанбе ба раиси идораҳои зиндонҳои вазорати адлияи Тоҷикистон генерал Мансурҷон Умаров шикоят кардаанд, ки маъмурияти ин зиндон нисбат ба онҳо тамоми навъҳои шиканҷаро раво мебинанд.

Шикоят ба сифати сабти аудиоӣ пешкаш шуда, бо матни он дар сомонаи хабаргузории мазкур шинос шуда метавонед.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...