Наҷотдиҳандагон наврасонро аз нишебии кӯҳ поин оварданд

Asia-Plus

Ба навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукуумати Тоҷикистон аввали ҳафтаи равон занги телефонӣ расидааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумита, сокини ваҳшатзадаи ҷамоати Оқсӯи ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон хабар дод, ки фарзандони вай субҳи бармаҳал ба кӯҳ рафтаву то ҳол барнагаштаанд. Ин модари парешон мегуфт, ки аз сарнавишти ҷигарбандонаш нигарон аст, чун ба зангҳои телефонии ӯ низ посухе аз онҳо намерасад.

Гуфта мешавад, баъди дарёфти ин хабар наҷотдиҳандагони воҳиди вокуниши сареъи КҲФ дар шаҳри Кӯлоб фавран ба ҷойи ҳодиса расиданд. Наҷотдиҳандагон бачаҳои ин хонумро пайдо карданд. Маълум шуд, ки онҳо дар баландии 80-100 метр мавзеъи куҳӣ ҷой гирифтаанд ва ин макон дар наздикии рустои Иғони ноҳияи Данғара мебошад.

“Се ҷавонписар, ки ду нафари онҳо ноболиғони 12-13 сола будаанд, хостаанд ба баландии кӯҳ боло шаванд, вале баъдан натавонистаанд мустақилона поин оянд, – омадааст дар маълумот. – Наҷотдиҳандагон бо ёрии таҷҳизоти кӯҳгардӣ онҳоро аз болои ба поин оварданд. Ба саломатиашон чизе таҳдид намекард, бачаҳо каме тарсида буданд”.

Дар иртибот ба ҳамин рӯйдод КҲФ ба сокинон хотиррасон мекунад, ки хеле эҳтиёткор бошанд. Қоидаҳои бехатарии кӯҳбароӣ ва сайругашт дар мавзеъҳои куҳиро риоя намоянд. Агар шумо мехоҳед кӯҳ бароед, пас бо худ ҳатман телефоне гиред, ки фаъол бошад, либосҳои гарм дошта бошед, чун баландиҳо ҳоло ҳам ҳавои сард доранд, ҳамчунин бо худ гирифтани об ва ғизо басо зарур аст.

Зимнан зикр мегардад, ки дар ҳоли рӯ ба рӯ шудан ба ин ё он ҳолати фавқулодда шаҳрвандони кишвар метавонанд то белефонҳои қисми навбатдорӣ: 221 13 31; 221 19 91 ва ё 93 880 23 16 муроҷиат намоянд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...