Ғайриқонунӣ, вале муфид: истифодаи симкортҳои қирғизӣ дар Тоҷикистон

Тибқи маълумот аз сарчашмаҳои мухталиф, беш аз 10 ҳазор нафар сокинони ноҳияҳои наздсарҳадии Тоҷикистон аз хизматгузориҳои операторони мобилии Қирғизистон истифода мекунанд. Пас аз тасмими Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон дар бораи ду маротиба гароншавии интернети мобилӣ аз 27 март, коршиносон ва корбарон доир ба афзоиши боз ҳам бештари ин шумор изҳори назар мекунанд. Мо тасмим гирифтем, ки […]

Тибқи маълумот аз сарчашмаҳои мухталиф, беш аз 10 ҳазор нафар сокинони ноҳияҳои наздсарҳадии Тоҷикистон аз хизматгузориҳои операторони мобилии Қирғизистон истифода мекунанд. Пас аз тасмими Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон дар бораи ду маротиба гароншавии интернети мобилӣ аз 27 март, коршиносон ва корбарон доир ба афзоиши боз ҳам бештари ин шумор изҳори назар мекунанд.

Мо тасмим гирифтем, ки аз қонунӣ будани истифодаи симкортҳои операторони Қирғизистон дар қаламрави Тоҷикистон ва имкони рақобати операторони кишвар бо онҳо огаҳӣ пайдо намоем.

Аз хизматрасонии ширкатҳои мобилии Қирғизистон аз ҳама бештар аҳолии шаҳрҳои Хуҷанд, Конибодом, Исфара ва ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Лахш (собиқ Ҷиргатол) истифода мекунанд. Аммо дар бораи шумори чунин корбарон операторони мобилии ҳарду кишвар маълумоти расмӣ надоранд.

Ба дархости “Азия-Плюс” оид ба шумори корбарон аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон дар ширкатҳои мобилии Қирғизистон ҳеҷ посухе надоданд.

“Дар ширкати мо чунин маълумоти оморӣ бурда намешавад”, – посух доданд ба дархости “Азия-Плюс”аз ОсОО "НУР Телеком" (оператори мобилии «О» Қирғизистон). Дар ҳамин ҳол, далели аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон истифода шудани хизматгузориҳои ширкатро онҳо рад накарданд.

Ин ғайриқонунӣ аст!

Бино ба гуфтаи раиси Ассотсиатсияи операторони алоқаи мобилӣ Ғафур Эркаев, ширкатҳои мобилии Қирғизистон бояд реҷаи басомад (частота)-ро риоя кунанд, ки дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ амал мекунад.

“Дар ин басомадҳо операторони бегона набояд кор кунанд, онҳо бояд дар минтақаи фарогири худ бошанд. Дар ин сурат ҳамаи тадбирҳои бехатарӣ (амният) дар ноҳияҳои наздимарзӣ риоя мешавад. Бо Афғонистон ҳам вазъи мо чунин аст. Хадамоти алоқа дар ин самт бояд кор кунад”, – хабар дод Эркаев.

Дар Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки бо дарки ин мушкил чандин маротиба дар мавриди ин масъала ба ҳамтоҳои қирғизи худ муроҷиат кардаанд.

“Мувофиқи тавсияҳои Иттифоқи байнулмилалии алоқаи барқӣ (электрикӣ), операторони мобилии машғули кор дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ набояд аз ҳудуди кишварҳои худ бароянд. Мо борҳо ба Кумитаи давлатии технологияҳои иттилоотӣ ва алоқаи Қирғизистон оид ба ин масъала мактуб ва дархостҳои техникӣ фиристодем”, – хабар дод муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Илҳом Атоев.

Номбурда мегӯяд, бо сабаби ба ҳамдигар хеле наздик ҷойгир будани маҳаллаҳои аҳолинишини вилояти Суғд бо ноҳияҳои кишвари ҳамсоя, назорати басмадҳо хеле мушкил аст ва операторони Қирғизистон моҳвора (антеннаҳо)-и худро бояд на дар наздикии сарҳад, балки бештар ба дохили қаламравшон баранд.

Илҳом Атоев ҳамчунин қайд кард, ки истифодаи симкортҳои ширкатҳои мобилии Қирғизистон дар қаламрави Тоҷикистон ғайриқонунӣ аст.

“Тибқи фармоиши ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2016, фурӯш ва истифодаи симкортҳои ширкатҳои хориҷӣ қатъиян манъ аст. Мо ҳатто пур кардани маблағ барои симкортҳои хориҷиро аз Тоҷикистон манъ кардем. Дар ҳамдастӣ бо кормандони ВКД дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ доир ба ин масъала бо мардум суҳбатҳо гузаронида, қонунгузориро дар ин самт шарҳу тавзеҳ додем, – иброз дошт Атоев. –  Лекин хоҳ-нохоҳ мардум аз истифодаи хизматгузориҳои “бегона” даст намекашанд”.

Мо рақобатпазир нестем

Ширкатҳои мобилии Тоҷикистон эътироф менамоянд, ки рӯз то рӯз шумори муштариёнашон кам шуда истодааст.

Бино ба маълумоти операторон, бо содир шудани қарори ҳукумат аз 9 феврали соли 2019 дар бораи пайвасти симкортҳо танҳо бо доштани шиносномаи намунаи соли 2014 (ID-корти пластикӣ), коҳиши шумори пайвастшавӣ ба қайд гирифта шуда, танҳо дар 13 рӯзи аввал сатҳи фурӯш ба андозаи 30% кам шуд, ки ба гумон аст, ба рақобат кардани ширкатҳо имкон диҳад.

“Дар муқоиса бо нархҳи мо, интернети ширкатҳои Қирғизистон хеле арзон аст. Онҳо мустақилона аз хориҷа трафики интернет харида, худашон нархро муқаррар мекунанд. Ғайр аз ин, пардохти андозашон ҳам камтар аст, – мегӯянд онҳо. – Дар Тоҷикистон бошад, ҳамааш баръакс: монополия дар харидории интернет, мустақилона муқаррар карда натавонистани нарх ва андозҳои зиёд”.

Ҳамчунин зикр шуд, ки илова бар ин, ширкатҳои ватанӣ ба Маркази ягонаи коммутатсионӣ низ маблағҳои зиёд пардохт мекунанд.

“Аз ин рӯ, ман ба ин назарам, ки баъди ҷорӣ шудани қарори нав дар бораи болоравии нархҳо, шумори муштариёни ширкатҳои мобилии Қирғизистон аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон афзуда, лекин операторони мобилии мо, рақобатпазир нахоҳанд буд”, – хабар дод як манбаъ аз ширкатҳои мобилӣ.

Фоидаовар ва хушсифат

Сокинони ноҳияҳои наздисарҳадӣ пинҳон намедоранд, ки аз хизматрасониҳои ширкатҳои мобилии кишвари ҳамсоя истифода мекунанд. Бино ба гуфтаи онҳо, бештар аз интернет истифода мебаранд.

“Қонунӣ ё ғайриқонунӣ будани инро намедонам, лекин медонам, ки муфиду фоидаовар аст. Ман ду сол боз аз интернети ширкатҳои мобилии қирғизӣ истифода мебарам, зангҳои байнулмилалии онҳо низ арзонтар мебошад. Хонаам дар наздикии маҳаллаи аҳоинишини Қирғизистон воқеъ аст. Шабакаи оператори Megacom-и Қирғизистон бароям хеле хуб дастрас мебошад. Дар як моҳ тақрибан 200 соми қирғизӣ (тақрибан 27 сомонӣ ё 2,9 доллар) харҷ намуда, дар истифодаи интернет ҳеҷ маҳдудияте надорам”, – мегӯяд Баҳром Шарипов, сокини ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара.

Сокинони ҷамоати Ворух низ аз ин гуфтаҳо ҷонибдорӣ намуда, барои суръати хуби интернет ба ширкатҳои мобилии Қирғизистон афзалият медиҳанд.

“Ба ҷуз арзонии интернети онҳо, суръаташ ҳам хуб аст. Ман дар ҷамоати Ворух зиндагӣ мекунам, ки бо ҷамоати Оқ-Сойи Қирғизистон ҳамсарҳад буда, ҳамаи алоқаи операторони мобилии қирғизӣ ин ҷо хуб дастрас мебошад. Ман аз чанд оператори қирғизӣ истифода кардам. Интернеташон хеле хуб аст, парвоз мекунад. Маблағи тавозунро дар ҷамоати Оқ-Сой пур мекунам”, – иброз медорад, Парвиз Ҷӯраев, сокини ҷамоати Ворух.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.