Дидору гуфтушуниди вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Дабири кулли СММ

Asia-Plus

Дар Қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк санаи 27 март мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш доир гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни мулоқот масъалаҳои умдаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва СММ, аз ҷумла вазъ дар минтақа ва Афғонистон, мубориза бо терроризм, ҳамкорӣ дар пешбарии татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” ва дигар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Гуфта мешавад, ҳамчунин ҳамин рӯз дар қароргоҳи СММ дар Ню Йорк бо ибтикори ҳайати Тоҷикистон дар СММ чорабинии сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамбастагӣ байни об ва иқлим» баргузор гардид. Чорабинии мазкур, ки дар ҳамкорӣ бо намояндагиҳои Канада, Япония, Мексика, Марокаш, Россия, Сингапур, Швейтсария, Департаменти иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ ва ниҳоди СММ-Об доир шуд, намояндагон ва мутахассисони зиёда аз 130  кишвари аъзои СММ ва созмонҳои байналмилалиро гирди ҳам овард.

Чорабинӣ бо суханони Раиси Иҷлоси 73-юми Маҷмаи Умумии СММ Мария Эспиноза оғоз гардид. Дар рафти маросими мазкур ҳамчунин Сарвазири Фиҷи Вореге Байнимарама, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, Фиристодаи вежаи Дабири Кулли СММ оид ба Саммити иқлим Луис Алфонсо де Алба, Муовини вазири энергетика, канданиҳои фоиданок ва рушди устувори Марокаш ва дигар шахсони расмӣ суханронӣ намуданд.

Ин чорабинӣ дар ҳошияи ду панел дар мавзӯъҳои “Амалҳо дар соҳаи обу иқлим” ва “Воситаҳои татбиқ” бо гузоришҳои ҷолиби намояндагони кишварҳои аъзо ва ниҳодҳои мухталифи СММ, аз ҷумла Вазири муҳити зисти Малдив Ҳуссайн Рашид Ҳассан, Вазири муҳити зисти Миср Ясмин Фуад, Вазири муҳити зисти Италия Серҷио Коста, Муовини вазири корҳои хориҷии Мексика Марта Делгадо ва намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ, ЮНЕСКО, Донишгоҳи СММ, Майкрософт ва дигар идома ёфт. Мизи мудаввари аввал таҳти раисии С. Муҳриддин доир гардид.

Зимни суханронӣ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба афзоиши назарраси офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон, ки боиси зарар дидани аҳолӣ ва иқтисодиёти кишвар мегарданд, таъкид намуд. Сироҷиддин Муҳриддин инчунин аз афзоиши таъсири тағйирёбии иқлим ба обшавии миқдори зиёди пиряхҳо ёдовар гардид.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин аз намояндагони кишварҳои аъзои СММ ҷиҳати дастгирӣ намудани раванди амалисозии ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” даъват ба амал овард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...