Хайрулло Мирсаидов: “Барои исботи бегуноҳиам то СММ меравам”

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Адвокатҳои Хайрулло Мирсаидов ба Судии олии Тоҷикистон ҷиҳати бознигарии парванда ва пурра сафед кардани ӯ шикояти кассатсионӣ пешниҳод намудаанд.

Дар суҳбат бо хабарнигори “Азия-Плюс” Хайрулло Мирсаидов ин маълумотро тасдиқ намуда, изҳор дошт, ки акнун онҳо посухро интизоранд.

Бино ба гуфтаи ӯ, дар шикояти кассатсионӣ зикр мешавад, ки айбномаҳо нисбати ӯ сохтаву беасосанд.

“Дар он қайд мешавад, ки дар амалҳои ман мутобиқи моддаҳои 245 (Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ), 340 (Сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, мукофоти давлатӣ,  штамп, муҳр ва бланкаҳои қалбакӣ) ва 346 (Дидаю дониста расонидани  хабари бардурӯғ)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон таркибҳои ҷиноят вуҷуд надорад. Айбномаҳо нисбати ман сохтаву беасос мебошанд”, – гуфт Мирсаидов.

Дар ҳамин ҳол, ӯ бовар надорад, ки Суди олии Тоҷикистон ӯро сафед мекунад, лекин барои исботи бегуноҳиаш омода аст, ки ба СММ муроҷиат намояд.

“Ба сафедкунии худ аз ҷониби Суди олии Тоҷикистон бовар надорам, лекин ин зинаи охирин аст, ки ба мо барои муроҷиат ба Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ зарур аст”, – иброз дошт ӯ.

Хайрулло Мирсаидов изҳор намуд, ки ӯ ҳозир дар Аврупо иқомат дошта, ба фаъолияти журналистӣ машғул аст.

“Муолиҷа ба охир расида, худро хуб ҳис мекунам. Дар Аврупо зиндагӣ ва бо ВАО-и ҷаҳон ҳамкорӣ намуда, бо забони русӣ мавод менависам. Ҳамчунин забони англисиро омӯхта истодаам”, – гуфт Мирсаидов.

Ӯ ҳамчунин илова намуд, ки “дар Аврупо кори журналистон осонтар аст, зеро ин ҷо озодии баён вуҷуд дорад ва барои интиқод рӯзноманигоронро ба ҳабс намегиранд”.

Ёдрас мекунем, ки Суди шаҳри Хуҷанд санаи 11 июли соли гузашта рӯзноманигор ва роҳбари дастаи «КВН Тоҷикистон» Хайрулло Мирсаидовро ба 12 соли зиндон маҳкум намуд. Ӯ дар содир намудани ҷиноятҳои азхудкунӣ ё камомади маблағ, сохтакории ҳуҷҷатҳо ва дидаву дониста додани маълумоти бардурӯғ гунаҳкор эътироф гардид.

Пас аз содир шудани ҳукми суд оилаи Мирсаидов ба сифати ҷуброни зиёни муайяншуда аз ҷониби мақомоти тафтишотӣ ба нафъи давлат 124 ҳазор сомонӣ маблағ пардохт намуд.

Бо қарори ҳайати мушовараи суди вилояти Суғд аз 22 августи соли гузашта, Хайрулло Мирсаидов аз толори суд озод карда шуд.

Суди вилоят ҷазо нисбати Мирсаидовро аз рӯи ҳамаи се модда, ки қаблан тибқи онҳо ба ӯ аз ҷониби суди шаҳри Хуҷанд айбнома пешниҳод шуда буд, тағйир дод.

Аз ҷумла моддаҳои 245 ва 345 (маҳрумият аз озодӣ) ба ҷарима дар ҳаҷми наздики 80 ҳазор сомонӣ ва моддаи 346 Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ба корҳои ислоҳӣ иваз карда шуданд.

Иҷрои корҳои ислоҳӣ маънои онро дорад, ки Хайрулло Мирсаидов дар ҷойи дилхоҳаш кор карда метавонад ва 20% аз ҳаҷми музди меҳнаташро муддати 2 сол ба буҷети давлатӣ пардохт мекунад.

Санаи 11 январи соли ҷорӣ Суди шаҳри Хуҷанд Хайрулло Мирсаидовро ғоибона ба 8 моҳи зиндон маҳкум кард. Чунин ҳукмро суд бар асоси аризаи иҷрочии суд дар бораи аз ҷониби Мирсаидов бидуни огоҳӣ тарк кардани кишвар содир намуд.

Он замон Мирсаидов изҳор дошта буд, ки “кишварро барои бехатариаш тарк карда, аллакай муддати се моҳ дар Гурҷистон муолиҷа мегирад”. Моҳи феврал адвокати ӯ “Бахтиёр Насруллоев ба “Азия-Плюс” хабар дода буд, ки зерҳимояаш тибқи таъиноти ШВКД шаҳри Хуҷанд барои саркашӣ аз иҷро накардани ҷазои ҷиноятӣ, дар Тоҷикистон мавриди ҷустуҷӯ эълон шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...