Муҷозоти сарбози фирории Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон

Зодаи ноҳияи Файзобод Ғоибназар Сулаймонзода моҳи октябри соли 2012 ба хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон даъват шуда баъди ду моҳ командири шуъбаи ротаи комендантии Қушӯнҳои сарҳадии Тоҷикистон таъин шуд. Моҳи январи соли 2013 ҳайати фармондеҳии рота ба сарбоз рухсатии кӯтоҳмуҳлат дода, лекин ӯ дигар баъди он ба хизмат барнамегардад. Сарбоз мавриди ҷустуҷӯи байнулмилалӣ […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Зодаи ноҳияи Файзобод Ғоибназар Сулаймонзода моҳи октябри соли 2012 ба хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон даъват шуда баъди ду моҳ командири шуъбаи ротаи комендантии Қушӯнҳои сарҳадии Тоҷикистон таъин шуд.

Моҳи январи соли 2013 ҳайати фармондеҳии рота ба сарбоз рухсатии кӯтоҳмуҳлат дода, лекин ӯ дигар баъди он ба хизмат барнамегардад.

Сарбоз мавриди ҷустуҷӯи байнулмилалӣ эълон гардида, моҳи октябри соли гузашта бо дархости Тоҷикистон аз Маскав ба Душанбе истирдод шуд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз суди ҳарбии гарнизони Душанбе.

Зимнан зикр гардид, ки нисбати сарбоз мутобиқи моддаи 375 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Фирор) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, бо қарори суд нисбати ӯ муҳлати як сол хизмат дар қисми низомии интизомӣ (муҷозотӣ) ҷазо таъин шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.