Роҳи танобӣ дар Хуҷанд муваққатан кор намекунад

Баҳманёр Нодиров

Маросими расмии ифтитоҳи роҳи танобӣ дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон санаи 2 апрел доир гардида, лекин рӯзи дигар он аз кор бозмонд. Меҳмонони шаҳр ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ сабабҳои онро меҷӯянд. Яке аз камбуди барқ мегӯяду дигарӣ аз вайрон шудани таҷҳизоти роҳ ҳарф мезанад.

Котиби матбуоти мақомоти шаҳрдории Хуҷанд Маъмур Юсуфзод дар суҳбат бо хабарнигори “Азия-Плюс” ин овозаҳоро рад намуда, хабар дод, ки дар роҳ корҳои техникӣ гузаронида мешаванд.

“Он ҷо баъзе корҳои начандон назарраси сохтмон ва техникӣ ҷараён дошта, роҳ аввали ҳафтаи оянда ба кор медарояд”, – иброз дошт номбурда.

Бино ба гуфтаи ӯ, арзиши равуо тариқи роҳи танобии мазкур алҳол муайян набуда, бо оғози кори он маблағи он муқаррар хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол, сокинони ноҳияҳои вилояти Суғд аз он изҳори норозигӣ мекунанд, ки таавассути шабакаи телевизион аҳолиро аз ин вазъ огоҳ накарда, баръакс онро таблиғ (реклама) мекунанд.

“Ба ҷойи реклама аҳолиро аз муваққатан кор накардани роҳ огоҳ кардан хубтар мебуд. Тариқи ҳамаи шабакаҳо дар бораи ин роҳ роликҳо нишон медиҳанд. Бо дидани ин роликҳо кӯдакон дархост карданд, ки ба тамошои роҳ равем. Мо аз шаҳри Исфара 110 километрро тай намуда, барои тамошои роҳ омадем, лекин маълум шуд, ки он алҳол кор намекардааст”, – мегӯяд бо тассуф Зафар Қодиров, як сокини шаҳри Исфара.

“Роҳи танобӣ” дар шаҳри Хуҷанд аз Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ то Маҷмааи шоҳ Исмоили Сомонӣ аз болои дарёи Сир дар масофаи беш як километр тӯл мекашад.“Роҳи танобӣ” аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бунёд карда шуда, дорои 47 кабина бо ғунҷоиши 4 нафар, аз ҷумла 7 кабинаи хизматрасонии олӣ мебошад. Ин роҳ дар як вақт ба 160 нафар хизмат мерасонад. Баландии роҳи танобӣ дар сатҳи дарё 35 метрро ташкил медиҳад.

 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...