Тафтиши низоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон зери назорати прокуророни генералӣ

Бо фармони муштараки прокуророни генералии Тоҷикистону Қирғизистон гурӯҳи муттаҳидаи тафтишотӣ оид ба санҷиши муноқишаи моҳи март дар сарҳади ҳарду кишвар таъсис дода шуд. Таре ба “Азия-Плюс” дар Прокуратураи генералии Тоҷикистон хабар доданд, назди ин гуруҳ вазифа гузошта шудааст, ки сабабҳо ва гунаҳкорони  сар задани муноқишаро муайян намоянд. “Ғайр аз ин, ошкор намудани гунаҳкорон ба марги […]

Аваз Юлдашев, Asia-Plus

Бо фармони муштараки прокуророни генералии Тоҷикистону Қирғизистон гурӯҳи муттаҳидаи тафтишотӣ оид ба санҷиши муноқишаи моҳи март дар сарҳади ҳарду кишвар таъсис дода шуд.

Таре ба “Азия-Плюс” дар Прокуратураи генералии Тоҷикистон хабар доданд, назди ин гуруҳ вазифа гузошта шудааст, ки сабабҳо ва гунаҳкорони  сар задани муноқишаро муайян намоянд.

“Ғайр аз ин, ошкор намудани гунаҳкорон ба марги шаҳрвандони Тоҷикистон, ҳамчунин афроди дастдошта ба захмӣ кардану ҷароҳат бардоштани шаҳрвандони ҳарду кишвар низ ба дӯши ин гурӯҳ вогузор шудааст”, – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки ҳайати гурӯҳ аз кормандони соҳибтаҷрибаи мақомоти прокуратураи Тоҷикистону Қирғизистон иборат буда, натиҷаҳои кор ва хулосаҳо доир ба ҷараёни тафтиш бевосита ба прокуророни генералӣ пешниҳод мегарданд.

Ёдрас мекунем, ки муноқишаи охир дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон рӯзҳои 13-14 март сурат гирифта, бар асари он 2 нафар шаҳрванди Тоҷикистон ҳалок ва беш аз 20 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Чанде аз шаҳрвандони Қирғизистон низ захмӣ шуданд.

Пас аз гуфтушунидҳои панҷрӯза бо иштироки муовинони сарвазирони кишварҳо аз замони оғози муноқиша, вазъ дар сарҳад ба эътидол оварда шуд.

Дар доираи созишномаи баимзорасида аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунид, ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки ба корҳо оид ба таъйин ва аломатгузорӣ дар сарҳади байни давлатҳо бар асоси Созишномаи байниҳукуматӣ аз соли 2014 суръат мебахшанд.

Мувофиқи созишномаи соли 2014 баимзорасида, сохтмони роҳи Оқсой-Тамдиқ, ки бидуни убури қаламрав аст, идома ёфта, лекин он танҳо барои ба дигар макон кӯчонидани чорво истифода хоҳад шуд. Байни деҳаҳои Ворух ва Хоҷаи Аъло бидуни убури қаламрави деҳаи Оқсой роҳи нави автомобилгарди асфалтпӯш сохта мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.