Шумори тоҷикистониёни хоҳишманди шаҳрванди Русия шудан мудом дар ҳоли афзоиш аст

Asia-Plus

Охири моҳи март тағйироту иловаҳо ба қонун “Дар бораи шаҳрвандии Русия” мавриди амал қарор гирифтанд, ки бештар ба иштирокчиёни Барномаи давлатии кӯчбандии ҳамватанони бурунмарзӣ ба Русия дахл доранд.

Мувофиқи қоидаҳои нав, акнун ба қайд гузоштан ҳатмӣ набуда, бақайдгирӣ дар маҳалли будубош кофист. Ин ба иштирокчиёни барнома хеле сабукиҳо меорад, чунки дар ҷойи нав одамон бо душворӣ суроғаи қайдро пайдо мекарданд.

Дар ҳамин ҳол, иштирокчиёни барнома бояд Иҷозаи зисти муваққатӣ (РВП) ё Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) дошта, ҳамаи ҳуҷҷатҳои зикршударо дар минтақаи кӯчбастаи иштирокчиён ба расмият даровардан зарур аст.

Афзоиши русиягиҳо аз ҳисоби тоҷикистониён

Дар Тоҷикистон ба Барномаи давлатии кӯчбандии ҳамватанони бурунмарзӣ ба Русия таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мешавад.

Масалан, соли гузашта Намояндагии ВКД Русия (оид ба масоили муҳоҷират) дар Тоҷикистон аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки хоҳиши гирифтани шаҳрвандӣ ва иқомати доимӣ дар Русияро доранд, 2,5 ҳазор ариза қабул намудаааст. Дар ҳамин ҳол, танҳо ба наздики 1,7 ҳазор нафар шаҳодатномаи иштирокчии барнома ва ҳуқуқи истифода аз он дода шудааст.

Бо назардошти аъзои оилаи иштирокчиёни барнома, ҳудуди 7 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон барои кӯчбандӣ ба Русия иҷоза гирифтанд. Қариб 1,4 ҳазор оила (5,7 ҳазор нафар, – шарҳи “Азия-Плюс”) кӯч бастанд, соли гузашта беш аз 20 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон тариқи хати ВКД шаҳрвандӣ гирифтанд. Аммо ин танҳо тариқи хати ВКД аст; ҳамагӣ бошад, 35,7 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон соли гузашта ба шаҳрвандии Русия соҳиб шудаанд.

Барои муқоиса: соли 2017 – 29 ҳазор нафар ва соли 2012 – ҳамагӣ наздики 10 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон шиносномаҳои Русияро дастрас карда буданд, яъне сол то сол шумори тоҷикистониёне, ки шаҳрвандии Русияро мегиранд, зиёд мешавад, аз ҷумла ба туфайли Барномаи давлатии кӯчбандии ҳамватанони бурунмарзӣ ба Русия.

Гап сари он аст, ки ин барнома ба тоҷикистониён бештар барои он ҷолиб аст, ки ба гирифтани шаҳрвандии Русия бо тартиби соддашуда имкон медиҳад, яъне на барои кӯч бастан ба ин кишвар барои зисти доимӣ. Дар Тоҷикистон аз чунин таҷрибае зиёдтар кор гирифта мешавад, ки шаҳрвандон иштирокчии барнома шуда, ба Русия мераванд ва шаҳрвандии ин кишварро гирифта, сипас ба ватан бармегарданд ва зиндагиашонро дар ин ҷо идома медиҳанд.

Қобили зикр аст, ки айни замон Тоҷикистон ягона кишварест, ки бо Русия дар бораи душаҳрвандӣ созишнома дорад. Дар сурати соҳиб шудан ба шаҳрвандии Русия, тоҷикистониён чизеро талаф надода, балки бештар манфиат мегиранд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...