Тоҷикистон сафири нави худро дар Эрон таъин кард

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки дар ҳайати роҳбарикунандаи Вазорати корҳои хориҷӣ, Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк», муовинони Раиси шаҳри Душанбе ва дигар сохтору мақомоти давлатӣ таъин гардиданд, барои сӯҳбат ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо фармонҳои Президент ва қарорҳои ҳукумат Зоҳидӣ Низомиддин аз вазифаи муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ озод ва ба вазифаи сафири Тоҷикистон дар Эрон таъин гардид.

Гуфта мешавад, Нозирӣ Хусрав аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Миср озод гардида, ба вазифаи муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон таъин гардид. Қодирӣ Ардашер ба вазифаи сафири Тоҷикистон дар Малайзия таъин гардид.

Бо қарорҳои ҳукумат Сайфзода Шаҳло ва Ризвонзода Фирдавс муовинони раиси раёсати БДА «Амонатбонк», Бақозода Сайрам – муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати ҶТ, Мирзозода Ардашер – муовини сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди ҳукумати Трҷикистон таъин гардиданд.

Ҳамчунин бо қарорҳои ҳукумат Бобозода Ҳокимшоҳ – директори Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкории назди ҳукумати ҶТ” ва Назирмадзода Бахтиёр – муовини якуми директори Агентии содироти назди ҳукумати ҶТ таъин гардиданд.

Зикр мегардад, ки мутобиқи моддаи 20-уми Қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» барои аз вазифаи муовини якуми раиси шаҳри Бохтари вилояти Хатлон озод ва ба вазифаи муовини раиси шаҳри Душанбе таъин гардидани Гуреззода Умед розигӣ дода шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...