Огоҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз хатари офатҳои табиӣ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ ва МГ)-и назди ҳукумати Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносӣ нимаи дуюми моҳи апрели соли равон дар қаламрави мамлакат ҳавои ноустувору боронӣ дар назар дошта шудааст, дар минтақаҳои куҳӣ ва наздикӯҳӣ боронҳои пуршиддат вазъро ногувор месозанд. Бино ба иттилои маркази матбуоти […]

Маркази матбуоти КҲФ ва МГ назди ҳукумати ҶТ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ ва МГ)-и назди ҳукумати Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносӣ нимаи дуюми моҳи апрели соли равон дар қаламрави мамлакат ҳавои ноустувору боронӣ дар назар дошта шудааст, дар минтақаҳои куҳӣ ва наздикӯҳӣ боронҳои пуршиддат вазъро ногувор месозанд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумита, шиддати борон дар минтақаҳои кӯҳистон  ва ё теппаҳо боиси фарсоиши хок  ва ҳаракати он мешавад, сатҳи об дар рӯдхона, обанборҳоро боло мебарад ва сабагори зарар дидани хати соҳили дарёҳо ва кӯлҳо мешавад. Бар асари боронҳои пуршиддат хавфи омадани сел, лағзиши тарма ва резиши санг меафзояд. Дар ин рӯзҳо рондани рамаҳо ба манотиқи кӯҳӣ ва ҷойҳо селрав хатари бештар дорад.

Дар ҳамин иртибот Кумита ба шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар тавсия намедиҳад, ки дар чунин рӯзҳо ба соҳили рӯдхонаҳо ва ё моҳидорӣ раванд. Кумита аз шаҳрвандон  бо эҳтиром хоҳиш мекунад бехатарии шахсии худро риоя кунанд, дар ин рӯзҳо ба кӯҳҳо ва доманакӯҳҳо сайругашт, ҷамъоварии занбурӯғҳо ва дигар рустаниҳои дорувор нараванд. Бахусус, кӯдаконро бе назорат гузоштан ва ба ҳар амали онҳо бештар мутаваҷҷеҳ будан лозим аст.

Кумита инчунин ба шаҳрвандоне, ки дар маҳалҳои кӯҳӣ зиндагонӣ мекунанд, тавсия медиҳад, ки барои эҳтиёт мӯзаҳои резинӣ дошта бошанд, ҳамеша бо худ телефонҳое, ки дорои алоқаи устувор ҳаст, нигоҳ доранд, дорухонаи хонаводагиро бо доруҳои зарурӣ таъмин намоянд.

Кумита аз сокинон хоҳиш мекунад сари вақт чӯйборҳо ва обравҳои назди хонаҳои худро тоза нигоҳ доранд, то онҳо аз партовҳо тоза бошанд. 

Бо мақсади пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохуш дар роҳҳои мошингард ва ағбаҳо, КҲФ аз ронандагон  хоҳиш мекунад ҳаракати худ дар шабонгаҳонро ҷиҳати риояи бехатарӣ коҳиш диҳанд. Қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳоро ҷиддан риоя намоянд, бахусус дар рӯзҳои боронӣ ва ҳавои торик суръати ҳаракати мошинҳоро боло набаранд.

Кумита ба касоне, ки аз бемориҳои дил ранҷ мебаранд тавсия медиҳад, ки дар чунин рӯзҳо эҳтиёткор бошанд ва доруҳои заруриро бо худ бигиранд.

Селу ярч офатҳои табии бештар хатарнок барои Тоҷикистон маҳсуб ёфта, ҳамасола ба иқтисоди кишвар ва зиндагии мардум зиёни зиёд мерасонанд. Ҳодисаҳои ҳалокати одамон низ бар асари ин офатҳо истисно нест.

Ба аҳолӣ тавсия дода мешавад, ки бояд ҳамеша дар ҷараёни эълонҳо ва ахбор аз КҲФ, ВКД ва Вазорати нақлиёт бошанд.

Дар ҳоли ба вуҷуд омадани вазъи хатарнок бо рақами 112 ва ё бахши навбатдории КҲФ бо телефонҳои 93 880 28 19 ва  223 13 11 занг задан тавсия дода мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.