Натиҷагирӣ аз аксияи “Соли нав – Иқдоми нав”-и Бонки байналмилалии Тоҷикистон

Бонки байналмилалии Тоҷикистон аз аксияи “Соли нав – Иқдоми нав” натиҷагирӣ кард. Беш аз 540 нафар ба ҷоизаҳо довталаӣ намуда, 12 нафар ғолиб омаданд. Ғолибон санаи 3 апрели соли 2019 дар барномаи субҳгоҳии пахши мустақими радиои “Азия-Плюс” муайян карда шуданд. Маросими супурдани ҷоизаҳо рӯзи 8 апрел дар дафтари асосии кории Бонки байналмилаии Тоҷикистон бо иштироки […]

Asia-Plus

Бонки байналмилалии Тоҷикистон аз аксияи “Соли нав – Иқдоми нав” натиҷагирӣ кард. Беш аз 540 нафар ба ҷоизаҳо довталаӣ намуда, 12 нафар ғолиб омаданд. Ғолибон санаи 3 апрели соли 2019 дар барномаи субҳгоҳии пахши мустақими радиои “Азия-Плюс” муайян карда шуданд.

Маросими супурдани ҷоизаҳо рӯзи 8 апрел дар дафтари асосии кории Бонки байналмилаии Тоҷикистон бо иштироки раҳбарият ва кормандони бонк, ғолибон ва намояндагони ВАО баргузор шуд.

Бурдҳоро дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибони аксия муовинони раиси Раёсати Бонк Орзу Алиев ва Дилафрӯз Холиқова тақдим карданд.

Роҳхати сайру саёҳат ба Дубай насиби сокини шаҳри Турсунзода Алишер Каримов шуда,  сокини шаҳри Душанбе Зувайдулло Шафиев ба IPhone XS соҳиб гардид. Ба сокини шаҳри Хуҷанд Мирзоаслиддин Ёқубов LED телевизори Samsung тақдим шуд. Боз 9 ҷоизаи дигари арзишманд ба дигар ғолибон супурда шуд.

Ба гуфтаи мутахассиси маркетинги Бонки байнулмилалии Тоҷикистон Озар Самадов, ҳадаф аз баргузории аксия дастгирии аҳолии ҷумҳурӣ тавассути пешниҳоди қарз ба онҳо бо меъёрҳои пасти фоизҳо аст, то ки ҳар кадоме аз ғолибон натанҳо мушкилоти маишии рӯзгорашро ҳал карда тавонад, балки ба рушди тиҷорати шахсиаш низ имкон пайдо кунад.

Имрӯз дар саросари кишвар 7 филиал ва 4 маркази хизматрасонии Бонки байналмилалии Тоҷикистон фаъолият доранд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.