Роҳи Душанбе-Хуҷанд бар асари лағжиши кӯҳпора ва сангфароӣ баста аст

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Бар асари лағжиши кӯҳпораву сангфароӣ ва боридани барф, роҳи Душанбе-Хуҷанд муваққатан баста шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти филиали ширкати IRS. Бино ба иттилои манбаъ, роҳ аз шоми дирӯз баста буда, субҳ кушодани он пешбинӣ шуда буд, лекин ин кор сурат нагирифт. “Бо қарори муштараки БДА ВКД роҳ аз шоми дирӯз баста буд. Дар қаламрави водии […]

Бар асари лағжиши кӯҳпораву сангфароӣ ва боридани барф, роҳи Душанбе-Хуҷанд муваққатан баста шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти филиали ширкати IRS.

Бино ба иттилои манбаъ, роҳ аз шоми дирӯз баста буда, субҳ кушодани он пешбинӣ шуда буд, лекин ин кор сурат нагирифт.

“Бо қарори муштараки БДА ВКД роҳ аз шоми дирӯз баста буд. Дар қаламрави водии Зарафшон, бахусус назди нақби “Истиқлол” барфу борони зиёд борида истодааст. Ҳамчунин ҳодисаҳои селфароӣ ва лағжиши кӯҳпораву сангфароӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз ин рӯ, роҳ баста боқӣ мемонад”, – хабар дод котиби матбуотии ширкати IRS Далер Мерганов.

Бино ба гуфтаи ӯ, дар қитъаҳои хатарноку эҳтимоли рух додани офатҳои табиӣ техникаи роҳнигоҳдорӣ барои тоза кардани роҳ ва кумак ба автомашинаҳои дармонда кор мекунанд.

“Дар фурсатҳои наздик ҳаракати воситаҳои нақлиёт барқарор мешавад, лекин бар асари идомаи боришоти беист хавфи селфароиву сангреза вуҷуд дорад. Роҳро ба хотири таъмини бехатарии ронандагону мусофирон баста, умедворем, ки қарори қабулкардаи моро дар ин маврид дуруст мефаҳманд”, – қайд кард Мерганов.

Давоми шабонарӯзи сипаригашта дар қитъаҳои гуногуни ин роҳ ҳодисаҳои селфароӣ ва лағжиши кӯҳпораву сангреза ба қайд гирифта шуд.

Тавре қаблан хабар дода будем, мусофири 40-солаи автомашинаи тамғаи Toyota Prado, ки ба Хуҷанд мерафт, шабонарӯзи гузашта дар километри 155-уми ин роҳ бар асари сангфароӣ ҳалок шуд.

Тибқи иттилои Агентии ҳавошиносии ҷумҳурӣ, ҳавои номусоид дар қаламрави мамлакат то охири моҳи апрел боқӣ мемонад. Пайваставу пуршиддат боридани борон метавонад ба лағзиши тарма, омадани сел ва резиши санг сабаб шавад. Ҳавои номусоид метавонад ба чаронидани чорво дар даштҳо ва чарогоҳҳои кӯҳӣ мушкил эҷод кунад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз сокинони мамлакат ва меҳмонон хоҳиш  мекунад дар ин рӯзҳо бештар эҳтиёткор бошанд ва чораҳои бехатариро риоя намоянд, аз сафар ба кӯҳҳо, ҷамъоварии занбурӯғ ва дигар зироатҳое, ки дар маҳалҳои кӯҳӣ мерӯянд, худдорӣ намоянд. Ҳангоми рафтан ба манотиқи кӯҳӣ талош кунед бо худ телефони мобилӣ дошта бошед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Даст ба амалҳои ношоиста мезананд”. Интиқоди додситони Суғд аз кирдори баъзе зердастонаш

Ду моҳ пеш додситони шаҳри Бӯстон дар пайи муноқиша бо молики тарабхонаи “Парламент”-и шаҳр аз вазифа барканор шуда буд.

Баъд аз эълони созиши оташбас. Расонаҳо аз зарба ба полоишгоҳи Лавон ва ҳамлаи Эрон ба Кувайту Иморот хабар медиҳанд

Ин дар ҳолест, ки Эрон ва Иёлоти Муттаҳида субҳи имрӯз бар сари оташбаси дуҳафтаӣ ба созиш расиданд.

Кумитаи дин аз қаллобӣ дар сафари ҳаҷ ва сарсонии “ҳоҷиҳои тоҷик бо ҳуҷҷатҳои сохта” хабар дод

Ин ниҳод ба шаҳрвандон ҳушдор додааст, ки ба ширкатҳои сайёҳиву миёнаравҳо бовар накунанд.

“Се моҳ боз ҷустуҷӯ дорем”. Як шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бедарак шудааст

Талошҳои хонаводааш барои дарёфти ӯ то ҳол бенатиҷа будааст.

Тоҷикистон аз созиши оташбас миёни Эрон ва Амрико истиқбол кард

Тоҷикистон аз тарафҳои даргир хостааст, ки аз истифодаи қувваи низомӣ даст кашанд.

Ду нишони биринҷӣ ва роҳхат ба даври ниҳоӣ. Дастоварди муштзанони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё

Дар ин мусобиқот беш аз 230 варзишгар аз 25 кишвари саросари дунё ширкат доранд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 62

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ведомости”: Соли гузашта 950 ҳазор муҳоҷир аз Тоҷикистон ба Русия рафтаанд

Ду кишвар ба ҷорисозии низоми ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирон омодагӣ мегиранд.

Амрико ва Эрон бо оташбаси дуҳафтаӣ мувофиқат кардаанд

Исроил онро пуштибонӣ кард, аммо мегӯяд, он Лубнонро дар бар намегирад