Дар Олимпиадаи «INFOMATRIX 2019» хонандагони тоҷик соҳиби 22 медал шуданд

Рӯзҳои 20-24-уми апрели соли 2019 дар шаҳри Бухарести Руминия Олимпиадаи байналмилалии лоиҳавии «INFOMATRIX 2019» баргузор гардид, ки дар он аз 46 давлати дунё 1016 хонанда иштирок намуда, 595 лоиҳа пешниҳод карда шуд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, аз Тоҷикистон дар олимпиадаи мазкур 28 нафар хонанда иштирок карда, дар ҷамъбасти олимпиада […]

Asia-Plus

Рӯзҳои 20-24-уми апрели соли 2019 дар шаҳри Бухарести Руминия Олимпиадаи байналмилалии лоиҳавии «INFOMATRIX 2019» баргузор гардид, ки дар он аз 46 давлати дунё 1016 хонанда иштирок намуда, 595 лоиҳа пешниҳод карда шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, аз Тоҷикистон дар олимпиадаи мазкур 28 нафар хонанда иштирок карда, дар ҷамъбасти олимпиада сазовори 22 медал, аз ҷумла 4 медали тилло, 6 медали нуқра ва 12 медали биринҷӣ гардиданд.

“Хонандагони литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби 10 медал, мактаби байналмилалии Президентӣ соҳиби 6 медал, муассисаи хусусии таълимии ба номи «Абдураҳмони Ҷомӣ» соҳиби 4 медал ва мактаби байналмилалии Душанбе соҳиби 2 медал гардиданд”, – омадааст дар хабари Вазорат.

Гуфта мешавад, иштирокчиёни олимпиадаро масъулин дар якҷоягӣ бо намояндагони васоити ахбори омма дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ботантана истиқбол намуданд.

Ёдрас мешавад, ки аввали соли 2019 хонандагони кишвар дар 10 олимпиадаи байналмилалӣ, ки дар давлатҳои Қазоқистон, Беларус, Тайланд, Россия, Малайзия ва Руминия баргузор гардиданд, фаъолона иштирок намуда, сазовори 131 медал, аз ҷумла 32 медали тилло, 23 медали нуқра ва 76 медали биринҷӣ гардиданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 53 медал (11 медали тилло ва 42 медали биринҷӣ) зиёд мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.