Гумонбарии кормандони “Агроинвестбонк” ба сохтакории ҳуҷҷатҳо ва ғайриқонунӣ қарз додан

Сайраҳмон Назриев, махсус барои Asia-Plus

Прокуратураи ноҳияи Вахш нисбати собиқ директори филиали ҶСК “Агроинвестбонк” дар ноҳияи Кушониён ва се нафар зердасташ парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст. Салоҳиддин Исмоилзода, прокурори ноҳияи Вахш дар сӯҳбат бо “АП” хабар дод, ки собиқ директори филиали ҶСК “Агроинвестбонк” дар ноҳияи Кушониён Хайриддин Ходжаев ва се нафар экспертҳои қарзии ин бонк  бо ҳаракатҳои ғайриқонунии худ ба бонк […]

Прокуратураи ноҳияи Вахш нисбати собиқ директори филиали ҶСК “Агроинвестбонк” дар ноҳияи Кушониён ва се нафар зердасташ парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст.

Салоҳиддин Исмоилзода, прокурори ноҳияи Вахш дар сӯҳбат бо “АП” хабар дод, ки собиқ директори филиали ҶСК “Агроинвестбонк” дар ноҳияи Кушониён Хайриддин Ходжаев ва се нафар экспертҳои қарзии ин бонк  бо ҳаракатҳои ғайриқонунии худ ба бонк 462 ҳазору 786 сомонӣ  зарари молиявӣ расонидаанд. 

Аз натиҷаи санҷиши прокурори нисбати директори филиал Хайриддин Ходжаев бо модаи 265 (ғайриқонунӣ додани кредит), 295 қисми 1(сўиистифодаи ваколат аз ҷониби кормандони ташкилотҳои тиҷоратӣ ва дигар ташкилотҳо), 245 қисми 3(азонихудкунӣ ё исрофкорӣ) ва нисбати экспертҳои қарзии филиал Нурулло Казаков, Давлатманд Сайдалиев ва Алишер Разоқов бо модаҳои 265 (ғайри қонунӣ додани кредит) ва 340 қисми 2-и (Сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, мукофоти давлатӣ,  штамп,мўҳр ва бланкаҳои қалбакӣ) КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Дар асоси муроҷиати роҳбарияти бонки номбурда прокуратураи ноҳияи Вахш ба хотири баргардондани қарзҳои додашудаи бонк санҷишро оғоз кард. Зимни санҷиш маълум гардид, ки бо мусоидати роҳбари филиал ва се нафар зердасташ ба шаҳрвандон бо роҳи тақалубкории ҳуҷҷатҳо маблағҳои қарзи ҷудо карда шудааст.  Ва ин маблағҳо дар муҳлатҳои муайян шуда боз пас нагардонда шудаанд.

Чунончи дар асоси дастури директори филиал Хайриддин Ходжаев моҳи сентябри соли 2014 экспертҳои қарзии филиал Нурулло Казаков ва Алишер Разоқов ба номи сокинони ноҳияи Кушониён Холбиби Асламова ва Суҳроб Аслонов ҳуҷҷатҳои қарздиҳи дар ҳаҷми 25 ҳазори дар мачмуъ 50 ҳазор бо 30 фоизи солона барои 18 моҳ омода мекунанд. Дар ҳуҷҷатҳои қарздиҳи мақсади гирифтани қарз барои пешбурди чорвопарварӣ нишон дода шудааст. Дар асл бошад маблағ барои хариди мошин гирифта шудааст, ки инро ҳам директори филиал ва ҳам зердастонаш медонистанд. Маблағи 50 ҳазор сомониро Убайдулло Аслонов, ки ба номи модар ва бародараш гирифтааст бо миёнаравии худи директори филиал автомашина харидори менамояд. Директори филиал ва зердастонаш бо ин кирдорҳои худ ба бонк бо ҳисоби фоизҳои қарзӣ 110 ҳазору 630 сомонӣ зарари молияви мерасонанд, – мегӯяд С.Исмоилзода.

Бо ин ҳолат нисбати шаҳрванд Убайдулло Асламов низ бо модаи 247 (қалобӣ) КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Прокурор дар идомаи сӯҳбаташ илова кард, ки зимни санҷиши прокурори ҳамчунин як нафар сокини ноҳияи Кушониён Ҳамзаалӣ Баротов ки бо роҳи қалобӣ, бо суистифода аз боварии дигар шаҳрвандон ва мусоидати экспертҳои қарзии ҳамин филиал дар чанд ҳолат  маблағҳои калони қарзиро гирифта дар муҳлати муайян гардида бар нагардондааст.

Прокуратура нисбати шаҳрванд Ҳамзаалӣ Баротов бо моддаи 264 (Ғайриқонунӣ гирифтани кредит), 247 (қалобӣ), 265 (ғайри қонунӣ додани кредит) ва 340 (Сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, мукофоти давлатӣ,  штамп, мўҳр ва бланкаҳои қалбакӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаст.

Ба гуфтаи Салоҳиддин Исмоилзода айни замон тафтишоти пешакӣ идома дошта, муфатишон кушиш доранд маблағи зарарро барқарор намоянд. То имрӯз қисме аз маблағ барқарор карда шудааст. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Даст ба амалҳои ношоиста мезананд”. Интиқоди додситони Суғд аз кирдори баъзе зердастонаш

Ду моҳ пеш додситони шаҳри Хуҷанд дар пайи муноқиша бо молики тарабхонаи “Парламент”-и шаҳр аз вазифа барканор шуда буд.

Баъд аз эълони созиши оташбас. Расонаҳо аз зарба ба полоишгоҳи Лавон ва ҳамлаи Эрон ба Кувайту Иморот хабар медиҳанд

Ин дар ҳолест, ки Эрон ва Иёлоти Муттаҳида субҳи имрӯз бар сари оташбаси дуҳафтаӣ ба созиш расиданд.

Кумитаи дин аз қаллобӣ дар сафари ҳаҷ ва сарсонии “ҳоҷиҳои тоҷик бо ҳуҷҷатҳои сохта” хабар дод

Ин ниҳод ба шаҳрвандон ҳушдор додааст, ки ба ширкатҳои сайёҳиву миёнаравҳо бовар накунанд.

“Се моҳ боз ҷустуҷӯ дорем”. Як шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бедарак шудааст

Талошҳои хонаводааш барои дарёфти ӯ то ҳол бенатиҷа будааст.

Тоҷикистон аз созиши оташбас миёни Эрон ва Амрико истиқбол кард

Тоҷикистон аз тарафҳои даргир хостааст, ки аз истифодаи қувваи низомӣ даст кашанд.

Ду нишони биринҷӣ ва роҳхат ба даври ниҳоӣ. Дастоварди муштзанони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё

Дар ин мусобиқот беш аз 230 варзишгар аз 25 кишвари саросари дунё ширкат доранд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 62

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ведомости”: Соли гузашта 950 ҳазор муҳоҷир аз Тоҷикистон ба Русия рафтаанд

Ду кишвар ба ҷорисозии низоми ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирон омодагӣ мегиранд.

Амрико ва Эрон бо оташбаси дуҳафтаӣ мувофиқат кардаанд

Исроил онро пуштибонӣ кард, аммо мегӯяд, он Лубнонро дар бар намегирад