Медали тиллои Баҳодур Усмонов дар Чемпионати бокси Осиё

Дар шаҳри Бангкоки Таиланд Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни мардҳо ва бонувон дар арафаи анҷомёбист. Варзишгари тоҷик Баҳодур Усмонов дар қувваозмоии финалӣ дар вазни 64 кило бар муштзан аз Муғулистон Чинзогир Баатарсух дастболо шуда, медали тиллои мусобиқа ва унвони чемпиони Осиёро ба даст овард. Баҳодур Усмонов дар даври аввал озод буда, сипас дар даври дуюм […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар шаҳри Бангкоки Таиланд Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни мардҳо ва бонувон дар арафаи анҷомёбист.

Варзишгари тоҷик Баҳодур Усмонов дар қувваозмоии финалӣ дар вазни 64 кило бар муштзан аз Муғулистон Чинзогир Баатарсух дастболо шуда, медали тиллои мусобиқа ва унвони чемпиони Осиёро ба даст овард.

Баҳодур Усмонов дар даври аввал озод буда, сипас дар даври дуюм бар варзишгари Ҷопон Далсуки Нариматсу ва дар чорякфинал бар Туғрулбег Паззиев аз Туркманистон ғалаба кард. Дар қувваозмоии даври нимфиналӣ муштзани тоҷик бар варзишгари соҳибтаҷрибаи Қазоқистон Саматалӣ Толтаев дастболо шуд.

Қобили зикр аст, ки дар Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни мардҳо ва бонувон дар Таиланд Тоҷикистонро Шермуҳаммад Рустамов,  Сомон Ҳабибов, Баҳодур Усмонов, Мирзомуҳаммади Бахтиёр, Шаббос Неъматуллоев, Сиёвуш Зуҳуров, ҳамчунин байни занон Сумайя Қосимова, Миҷгона Самадова, Шоира Зулқайнарова, Идимоҳ Холова ва Нилуфар Бобоёрова намояндагӣ карда, ба дарёфти зинаҳои аввал ва ҷоизаҳои мусобиқа ноил гардида натавонистанд.

Ёдрас мекунем, ки дар Чемпионати пешини Осиё оид ба бокс соли 2017 дар Тошканд муштзани тоҷик Ҷаҳон Қурбонов дар вазни то 91 кило медали биринҷӣ ба даст оварда буд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.