Клагенфурт ва Душанбе: Умумияти бародаршаҳрҳои Тоҷикистон бо шаҳрҳои саросари ҷаҳон

Рӯзи якшанбеи ҳафтаи охири моҳи апрел, ки имсол ба санаи 28 апрел рост омад, Рӯзи ҷаҳонии бародаршаҳрҳо ҷашн гирифта шуд. Ин ҷашн бо қарори Федератсияи ҷаҳонии бародаршаҳрҳо, ки соли 1957 таъсис ёфтааст, ҷашн гирифта шуда, ҳадаф аз он мусоидат ба рушду таҳкими робитаҳо байни шаҳрҳои кишварҳои гуногун дар соҳаҳои иқтисоду фарҳанг, маорифу тиб, илм, ҳифзи […]

Asia-Plus

Рӯзи якшанбеи ҳафтаи охири моҳи апрел, ки имсол ба санаи 28 апрел рост омад, Рӯзи ҷаҳонии бародаршаҳрҳо ҷашн гирифта шуд.

Ин ҷашн бо қарори Федератсияи ҷаҳонии бародаршаҳрҳо, ки соли 1957 таъсис ёфтааст, ҷашн гирифта шуда, ҳадаф аз он мусоидат ба рушду таҳкими робитаҳо байни шаҳрҳои кишварҳои гуногун дар соҳаҳои иқтисоду фарҳанг, маорифу тиб, илм, ҳифзи муҳити зист ва дигар бахшҳо мебошад.

Дар суратгузориши зерин зерин чанде аз аксҳои бародаршаҳрҳои Тоҷикистон гирдоварӣ шудааст. Чӣ уммуитяҳое доштани онҳоро аз назари худ баҳо диҳед.

Айни замон Душанбе бо 17 шаҳри ҷаҳон – Лусака (Замбия), Сано (Яман), Монастир (Тунис), Лоҳур (Покистон), Клагенфурт (Австрия), Боулдер (ИМА), Ройтлинген (Олмон), ҳамчунин Мазори-Шариф (Афғонистон), Теҳрон (Эрон), Шероз (Эрон), Санкт-Петербург (Россия), Минск (Беларус), Урумчи (Чин), Анқара (Туркия), Сямэн (Чин), Ашқобод (Туркманистон) ва Чиндао (Чин) муносибати бародаршаҳрӣ дорад.

Шаҳрҳои Чимкент (Қазоқистон), Оқстафа (Озарбойҷон),  Линколн (ИМА),  Оренбург (Россия) ва Самарқанд (Ӯзбекистон) бародаршаҳри Хуҷанд мебошанд. Шаҳри Кӯлоб бо Ҳамадон (Эрон) ва Қуния (Туркия) бародаршаҳр аст.

Марказҳои маъмурии вилояти Хатлону ВМКБ – шаҳрҳои Бохтару Хоруғ то ҳол бо ҳеҷ кадоме аз шаҳрҳои дунё муносибатҳои бародаршаҳрӣ роҳандозӣ накардаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.