Низомиёни пойгоҳи 201-уми Русия танк-ёдгории Душанберо таъмир карданд

Ғафур Шерматов, махсус барои Asia-Plus

Дар остонаи ҷашни 74-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ хизматчиёни ҳарбии пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон танки маъруфи ИС-2-ро, ки ҳамчун ёдгорӣ дар Боғи Ғалабаи шаҳри Душанбе гузошта шудааст, таъмиру рангмолӣ карданд. Ин ёдгорӣ аз даврони набарди қаҳрамононаи мардуми шӯравӣ ҳамасола пеш аз ҷашни Ғалаба таъмиру поккорӣ ва гирду атрофаш тозаву озода гардонида […]

Дар остонаи ҷашни 74-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ хизматчиёни ҳарбии пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон танки маъруфи ИС-2-ро, ки ҳамчун ёдгорӣ дар Боғи Ғалабаи шаҳри Душанбе гузошта шудааст, таъмиру рангмолӣ карданд.

Ин ёдгорӣ аз даврони набарди қаҳрамононаи мардуми шӯравӣ ҳамасола пеш аз ҷашни Ғалаба таъмиру поккорӣ ва гирду атрофаш тозаву озода гардонида мешавад.

Пояи ёдгории таърихии танки ИС-2 дар Душанбе охири солҳои 80-уми асри гузашта ба муносибати 42-юмин солгарди Ғалаба бо дархости иштирокчиёни ҷабҳаи набард, собиқадорони ҷангу меҳнат гузошта шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Кумитаи дин аз қаллобӣ дар сафари ҳаҷ ва сарсонии “ҳоҷиҳои тоҷик бо ҳуҷҷатҳои сохта” хабар дод

Ин ниҳод ба шаҳрвандон ҳушдор додааст, ки ба ширкатҳои сайёҳиву миёнаравҳо бовар накунанд.

“Се моҳ боз ҷустуҷӯ дорем”. Як шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бедарак шудааст

Талошҳои хонаводааш барои дарёфти ӯ то ҳол бенатиҷа будааст.

Тоҷикистон аз созиши оташбас миёни Эрон ва Амрико истиқбол кард

Тоҷикистон аз тарафҳои даргир хостааст, ки аз истифодаи қувваи низомӣ даст кашанд.

Ду нишони биринҷӣ ва роҳхат ба даври ниҳоӣ. Дастоварди муштзанони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё

Дар ин мусобиқот беш аз 230 варзишгар аз 25 кишвари саросари дунё ширкат доранд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 62

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ведомости”: Соли гузашта 950 ҳазор муҳоҷир аз Тоҷикистон ба Русия рафтаанд

Ду кишвар ба ҷорисозии низоми ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирон омодагӣ мегиранд.

Амрико ва Эрон бо оташбаси дуҳафтаӣ мувофиқат кардаанд

Исроил онро пуштибонӣ кард, аммо мегӯяд, он Лубнонро дар бар намегирад