Душанбе ва Тошканд ҳамлу нақли борҳои низомиро тариқи қаламрави Ӯзбекистон баррасӣ карданд

Дар осорхонаи давлатии Қувваҳои Мусаллаҳи Ӯзбекистон дар Тошканд вохӯрии намояндагони вазорату идораҳои Ӯзбекистон бо ҳайати ҳарбии Ситоди куллии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон доир гардид. Ҳайати Тоҷикистонро дар ин вохӯрӣ сардори хадамоти ҳамлу нақли ҳарбии ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Наазараҳмад Қосимзода роҳбарӣ дошт. Дар вохӯрӣ ҷараёни иҷрои созишномаи зимни сафари давлатии президенти Ӯзбекистон Шавкат […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар осорхонаи давлатии Қувваҳои Мусаллаҳи Ӯзбекистон дар Тошканд вохӯрии намояндагони вазорату идораҳои Ӯзбекистон бо ҳайати ҳарбии Ситоди куллии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон доир гардид.

Ҳайати Тоҷикистонро дар ин вохӯрӣ сардори хадамоти ҳамлу нақли ҳарбии ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Наазараҳмад Қосимзода роҳбарӣ дошт.

Дар вохӯрӣ ҷараёни иҷрои созишномаи зимни сафари давлатии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев баимзорасида моҳи марти соли гузашта байни ҳукуматҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар бораи транзити борҳоии низомӣ ва қатораҳои ҳарбӣ тариқи қаламрави Ӯзбекистон баррасӣ шуданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати мудофиаи Ӯзбекистон.

Дар Созишнома транзити бемамониати борҳо ва қатораҳои ҳарбӣ тавассути қаламрави Ӯзбекистон, аз ҷумла ҳамлу нақли борҳои ҳарбӣ бо роҳҳои оҳани Ӯзбекистон аз қисмати марказии Тоҷикистон ба вилояти Суғд пешбинӣ шудааст.

Сардори Раёсати ҳамлу нақли ҳарбии Вазорати мудофиаи Ӯзбекистон подполковник Анвар Собиров паҳлӯҳои хоси ин созишномаро зикр карда, доир ба густариши минбаъдаи ҳамкорӣ байни кишварҳо дар ин самт изҳори назар кард.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.