Ду собиқадори ҶБВ аз Тоҷикистон ба сафорооии низомии Санкт-Петербург мераванд

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Бо даъвати мақомоти шаҳрдории Санкт-Петербурге ду собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) аз вилояти Суғд ба тантанаҳои ҷашнӣ ба ифтихори 74-умин солгарди Ғалаба ба ин шаҳр мераванд.

Тавре ба “Азия-Плюс” раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Тоҷикистон Раҳмат Қудратов хабар дод, чорабиниҳо санаи 9 май дар пойтахти шимолии Россия доир гардида, собиқадорони ҶБВ Раҳимбой Раҳматов ва Абдуҳаким Абдусаминов рӯзи 7 май ба шаҳри Санкт-Петербург раҳсипор мешаванд.

Бино ба гуфтаи Қудратов, собиқадорони ҷанг аз Тоҷикистон ҳамроҳи дигар иштирокчиён савори автомашинаҳои замони ҷанг аз гузашти низомӣ мегузаранд.

Қобили зикр аст, ки солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) аз аҳолии он замон 1,5 млн. нафараи Тоҷикистон 270 ҳазор нафар ба ҷабҳа рафта, беш аз 100 ҳазор тан дигарбора ба ватан барнагаштанд. Аз ин шумор 55 ҳазор нафар бо ордену медалҳо ва 54 нафар тоҷикистониёни иштирокчии ҷанг, аз ҷумла баъди марг ба унвони олӣ – Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ шарафёб гардиданд.

Сафи собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Тоҷикистон сол то сол кам мешавад. Имрӯз онҳо ҳамагӣ 244 нафар боқӣ мондаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.