Маҳдудияти мавсимӣ барои ҳаракати мошинҳои гаронвазн дар роҳи Душанбе – Хуҷанд

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Аз 1 май барои ҳаракати автомашинаҳои гаронвазн дар роҳи Душанбе – Хуҷанд маҳдудияти мавсимӣ ҷорӣ мешавад, хабар медиҳад дафтари матбуоти филиали ширкати IRS дар Тоҷикистон.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти филиали ширкат, маҳдудият бинобар сабаби фарорасии мавсими тобистон ҷорӣ шуда, то 31 август идома меёбад.

“Ин тадбир баҳри дар ҳолати хуб нигоҳ дошнаи роҳ ҷорӣ мегардад, зеро дар гармии рӯзона асфалт мулоим шуда, ҳаракати мошинҳои гаронвазн рӯи он ба вайроншавии рӯйпӯши роҳ боис мегардад. Маҳдудият дар ҳаракати мошинҳои гаронвазн аз соати 10:00 то 20:00 ҷорӣ мешавад”, – хабар дод ба “Азия-Плюс”котиби матбуотии филиали ширкат Далер Мерганов.

Котиби матбуотии ширкат ҳамчунин изҳор намуд, ки бо оғози мавсими тобистон дар роҳ корҳои таъмиру барқарорсозӣ шурӯъ мешаванд.

“Имсол таъмири ҷории беш аз 100 километр ва таъмири асосии 50 километри роҳ ба нақша гирифта шудааст. Аз ҳамаи ронандагон дархост мекунем, ки бо дарки масъулият ба ин маҳдудият вобаста ба таъмиру барқарорсозии роҳ муносибат намоянд”, – гуфт ӯ.

Қобили зикр аст, ки корҳои таъмиру навсозии роҳи Душанбе – Чанок бо масофаи 410 километр соли 2010 ба итмом расида, барои анҷоми ин корҳо қариб 300 млн. доллари аз Чин қарзгирифташуда ба муҳлати 20 сол масраф гардид.

Аз моҳи апрели соли 2010 ба идора ва анҷоми корҳои таъмиру барқарорсозии зербинои роҳ бар асоси шартномаи консессионӣ бо ҳукумати Тоҷикистон филиали ширкати IRS машғул аст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Қурбони Собир: “Тоҷикони Самарқанду Бухоро бетарафанд ва аз ҳувияти худ дарак намедиҳанд”

Бахши дуввуми мусоҳиба бо иҷрокунандаи нақши Ҷомӣ дар филми "Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” дар бораи ҳувияти миллӣ ва забони тоҷикӣ дар Самарқанду Бухоро.

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.