Юлдуз Усмонова ва Шабнами Сурайё ҳамроҳ тарона сабт карданд

Asia-Plus

Сарояндагони маҳбуб – ситораҳои эстрадаи Ӯзбекистону Тоҷикистон Юлдуз Усмонова ва Шабнами Сурайё ҳамроҳ сурудеро бо номи “Таролла Далли” иҷро ва сабт карданд. Дар ин бора Шабнами Сурайё дар Instagram хабар додааст.

“Ин деринтизортарин дуэти мо бо Примадоннаи санъати эстрадаи ӯзбек мӯҳтарама Юлдуз Усмонова мебошад. Барои ман боиси фахр ва хушнудист, ки бо чунин шахсияти зебову эҷодкор суруд сароидам. Худо кунад, ки чунин лоиҳаҳо дар оянда зиёд шаванд”,-навиштааст Шабнами Сурайё.

Тарона дар канали овозхони тоҷик дар шабакаи YouTube нашр гардида, лекин клипи он алҳол наворбардорӣ нашудааст. Давоми 4 рӯз таронаро қариб 500 ҳазор нафар тамошо кардаанд.

Қисмате аз таронаро Юлдуз Усмонова бо забони ӯзбекӣ ва қисмати дигарро Шабнами Сурайё бо забони тоҷикӣ месароянд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми панҷоҳу панҷуми ин асари...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.