Эмомалӣ Раҳмон бовар дорад, ки тоҷикистониён дастурхони хоксорона меороянд

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишварро бо фарорасии иди Рамазон, ки санаи 5 июн фаро мерасад, табрику таҳният гуфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар номаи шодбошии худ ба ин муносибат Эмомалӣ Раҳмон қайд кардааст, ки солҳои охир бисёр шаҳрвандони соҳибҳиммати ҷумҳурӣ тибқи суннатҳои инсонпарваронаи халқамон ба оилаҳои камбизоат, ятимону маъюбон ва хонаҳои кӯдакону пиронсолон кумак мерасонанд ва дар ҷабҳаи ободониву созандагии шаҳру деҳоти кишварамон низ саҳми арзанда мегузоранд.

“Ман ба ҳамаи онҳое, ки дар ин моҳи муборак амалҳои хайру савобро анҷом додаанд, изҳори сипос менамоям ва бовар дорам, ки минбаъд сафи чунин шахсони саховатпешаву савобҷӯй боз ҳам бештар мешавад. Ҳар амали хайр ва навозишу дастгирии ятимону маъюбон ва муҳтоҷону ниёзмандон дар фарҳанги мусулмонӣ аз ҷумлаи амалҳои писандидатарин ба ҳисоб меравад”, – омадааст дар табрикот.

Дар идома президент зикр мекунад, ки моҳияти инсондӯстӣ ва таҳаммулгароии дини мубини ислом низ маҳз дар анҷом додани амалҳои нек ва корҳои хайру савоб инъикос меёбад ва чунин аъмоли писандида ба таҳкими ваҳдати миллӣ, суботи ҷомеа ва тақвияти робитаҳо миёни сокинони мамлакат мусоидат менамояд.

“Ҳанӯз дар марҳалаҳои аввали густариши ислом фарзандони донишманду фарзонаи халқи соҳибтамаддуни тоҷик, ба монанди Имоми Аъзам Абӯҳанифа ва Имом Бухорӣ дар тафсиру таблиғи андешаҳои инсонпарварона, омӯзиши илму маърифат ва одобу фарҳанг нақши барҷаста бозидаанд”, – қайд кардааст Эмомалӣ Раҳмон.

Дар номаи шодбошӣ таъкид мешавад, ки фарорасии иди Фитрро мардум бо оростани дастурхони идона, вале бо риояи қоидаҳои сариштакорӣ ва парҳез аз исрофкорӣ, бо қалби поку ниятҳои нек ҷашн мегиранд.

“Бузургтарин савоб дар ин рӯзҳо хайру саховат кардан ба эҳтиёҷмандону дармондагон, оилаҳои камбизоат, ятимону маъюбон ва хабар гирифтан аз ҳоли онҳо мебошад, зеро ба таъбири бузургони халқамон аҷру подоши он аз фазила­ти ҳаҷҷи акбар ҳам зиёд мебошад”, – таъкид доштааст Эмомалӣ Раҳмон.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.