Воридот ба Тоҷикистон нисбат ба содирот се баробар зиёд аст

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон давоми 5 моҳи соли ҷорӣ беш аз 1,7 млрд. долларро ташкил дод, ки нисбат ба моҳҳои январ-майи соли 2018 ба андозаи 1,7% зиёдтар аст, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти Тоҷикистон.

Ҳаҷми содирот дар ин давра 410 млн. долларро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18,2 млн. доллар камтар аст.

Тӯли моҳҳои январ-майи соли ҷорӣ ҳаҷми воридоти маҳсулот ба кишвар ба маблағи беш аз 1,3 млрд. доллар сурат гирифтааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 47,4 млн. доллар зиёдтар аст.

Қариб 44% дар сохтори содирот ба маҳсулоти минералӣ (ашёи хом), беш аз 20,6% – ба фулузоти нимқиматбаҳо ва маснӯот аз он (асосан алюминий) ва 19,2% ба маҳсулоти нассоҷӣ рост меояд.

Наздики чоряки воридоту молу маҳсулот  ба ҷумҳуриро аз ҳаҷми умумӣ воситаҳои нақлиёт ва мошину таҷҳизот, 19%-ро – маҳсулоти минералӣ ва 10,4%-ро маҳсулоти саноати кимиёвӣ ташкил медиҳанд.

Тӯли панҷ моҳи соли равон Тоҷикистон бо 100 кишвари саросари дунё муомилоти молӣ анҷом додааст.

Шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар ин давра Русия (415 млн. доллар), Қазоқистон (348 млн. доллар), Чин (244 млн. доллар) ва Ӯзбекистон (133 млн. доллар) дониста мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.