Гуфтушуниди навбатӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон. Боздошти таъмири роҳи Исфара-Ворух

Date:

Шаҳрвандони Қирғизистон, сокинони қаламравҳои баҳсии деҳаи Хоҷаи Аъло дар сарҳади Тоҷикистон бо кишвари ҳамсоя мухолифи таъмири роҳи 45-километра байни шаҳри Исфара ва Ворух дар қаламрави Қирғизистон садо баланд карданд.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси шаҳри Исфара хабар дод, дар дигар қитъаҳои роҳ корҳо мувофиқи ҷадвал чараён дошта, дар қитъае, ки тариқи деҳаи Хоҷаи Аъло мегузарад, баҳри таъмини бехатарии роҳсозон ва эмин нигоҳ доштани техника корҳо боздошта шудааст, зеро қирғизҳо ба он монеъа эҷод мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, Хадамоти давлатии сарҳадбонии Қирғизистон хабар медиҳад, ки вазъ дар қитъаи ноҳияи Ботканди марзи Тоҷикистону Қирғизистон амну босубот аст.

Дар Хадамот шарҳ додаанд, ки рӯзи 18 июн дар маҳаллаи аҳолинишини Тош-Тумшуқи ноҳияи Ботканд ҷониби Тоҷикистон дар қитъаи мувофиқанашудаи сарҳад дар роҳи истифодаи умумии Исфара-Оқсой-Ворух бидуни созиш бо ҷониби Қирғизистон корҳои асфалтхобониро оғоз кардааст, хабар медиҳад АКИпресс.

“Шаҳрвандони Тоҷикистон гайриқонунӣ роҳи истифодаи умумиро аз соати 20:00 то 21:20 дақиқа баста, талаботи дастаи марзбоноро дар бораи қатъи корҳо ва кушодани роҳ нодида гирифтанд, ки ба муноқишаи хурд боис гардид”, – омадааст дар хабар.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Роҳи Ворух – Исфара

Баъди вохӯрии намояндагони мақомоти сарҳадбонии кишварҳо корҳои роҳсозӣ ба таваққуф гузошта шуданд Мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ дар суҳбат бо аҳолии минтақаи наздимарзӣ вазъро шарҳу тавзеҳ доданд.

Зимнан зикр мегардад, ки вохӯрии намояндагони мақомоти маҳаллии худидоракунӣ ва ҳифзи Ҳҳқуқи Тоҷикистону Қирғизистон имрз, 19 июн низ идома меёбад.

Ёдрас мекунем, ки муноқишаи охир дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон рӯзҳои 13-14 март сурат гирифта, бар асари он 2 нафар шаҳрванди Тоҷикистон ҳалок ва беш аз 20 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Чанде аз шаҳрвандони Қирғизистон низ захмӣ шуданд.

Аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаи навбатии байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба таъйин ва аломатгузорӣ дар сарҳади давлатӣ, ки рӯзҳои 5-6 апрел дар шаҳри Душанбе доир гардид, ҷонибҳо дар бораи минбаъд роҳ надодан ба иғвогариҳо дар сарҳад ба мувофиқа расиданд.

Ҳамон вақт қарор шуда буд, ки байни деҳаҳои Ворух ва Хоҷаи Аъло бидуни убури қаламрави деҳаи Оқсой роҳи нави автомобилгарди асфалтпӯш сохта мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...