Шикасти “Истиқлол” аз “Хуҷанд дар мусобиқаи Ҷоми КФО-2019

Наим Халимов

Дар даври панҷуми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедереатсияи футболи Осиё (КФО)-2019 дар шаҳри Хуҷанд бозии ду дастаи Тоҷикистон дар гурӯҳ доир гардид. Бино ба иттилои сомонаи дастаи “Истиқлол”, қисми якуми бозӣ бо ҳисоби 2 бар 1 ва қисми дуюм – 1 бар 1 анҷом ёфта, ҳамин тариқ футболбозони Хуҷанд бо ҳисоби ниҳоии 3 бар 2 бар […]

Дар даври панҷуми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедереатсияи футболи Осиё (КФО)-2019 дар шаҳри Хуҷанд бозии ду дастаи Тоҷикистон дар гурӯҳ доир гардид.

Бино ба иттилои сомонаи дастаи “Истиқлол”, қисми якуми бозӣ бо ҳисоби 2 бар 1 ва қисми дуюм – 1 бар 1 анҷом ёфта, ҳамин тариқ футболбозони Хуҷанд бо ҳисоби ниҳоии 3 бар 2 бар душанбегиҳо дастболо шуданд.

Дар вохӯрии дигари гурӯҳи “D” дастаи Олтин Асир”-и Туркманистон дар майдони худ тими “Дордой”-и Қирғизистонро бо ҳисоби 3 бар 1 шикаст дод.

Ҳамин тариқ, пас аз давраи панҷум ҷойи дастаҳо дар гурӯҳи “D” тариқи зайл аст: 1. “Олтин Асир” – 9 имтиёз; 2. “Истиқлол” – 7 имтиёз; 3. “Хуҷанд” – 7 имтиёз; 4. “Дордой” – 4 имтиёз.

Аз рӯи натиҷаҳои вохӯриҳои даври панҷуми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2019 дар минтақаи “Марказ” ду дастае муайян шуданд, ки барои роҳхат ба марҳилаи минбаъдаи мусобиқа рақобат мекунанд.

Тақдири зинаи аввал дар гурӯҳи «D» дар даври охирини марҳилаи гурӯҳӣ, дар бозии байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Олтин Асир”, ки санаи 26 июн дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир мегардад, ҳал мешавад. Барои даст ёфтан ба даври минбаъдаи мусобиқа “Истиқлол”-ро зарур аст, ки дар ин вохӯрӣ ғалаба ба даст орад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025 ба андозаи 25,4% ва нисбат ба як даҳсола пеш - 5,5 баробар зиёдтар мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 56

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари “Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...