Заҳролудшавии 50 нафар муҳоҷирони тоҷик дар вилояти Маскав

Аваз Юлдошев

Дар корхонаи истеҳсоли дару тиреза дар шаҳри Одинстсовои вилояти Маскав шоми рӯзи 22 июн 50 нафар муҳоҷирони тоҷик аз истеъмоли хӯрок дар ошхона заҳролуд шуда, дар бемористон бистарӣ шуданд, хабар дод тариқи телефон ба “Азия-Плюс” Иброҳим Аҳмад, котиби матбуотии намояндагии Вазорати меҳнати ҶТ дар Русия.

Бино ба гуфтаи ӯ, айни замон 12 нафар, аз ҷумла ду нафар муҳоҷирон дар шуъбаи эҳёгарии бемористон қарор дошта, боқимондаро пас аз кумаки аввалияи тиббӣ ба макони зисташон рухсатӣ додаанд.

“Намояндагони Вазорати меҳнат ва сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба аёдати онҳо ба бемористон рафта, қазияро зери назорат гирифтанд. Тибқи маълумоти пешакӣ, муҳоҷирон аз хӯрок дар ошхонаи корхона заҳролуд шудаанд”, – иброз дошт ӯ.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия ва хадамоти тандурустии ин ктшвар ҳодисаи мазкурро алҳол шарҳ надодаанд.

Раҳбарияти корхонаи истеҳсоли дару тиреза аз суҳбат бо журналистон худдорӣ варзида, тибқи баъзе маълумот, намояндагони онҳо ба кормнадони мошини “ёрии таъҷилии тиббӣ” хабар додаанд, ки муҳоҷирони гӯё аз истеъмоли харбуза ба чунин ҳол гирифтор шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, вале муҳоҷирони тоҷик гуфтаанд, барои харидани харбуза пули зиёдатӣ надоранд. "Бачаҳо баъд аз хӯрдани хӯрок дар ошхонаи умумии корхона ба ин ҳол афтоданд. Сифати хӯрокҳои ошхона паст аст, вале моро маҷбур мекунанд, ки онро бихӯрем", – нақл кардааст яке аз муҳоҷирон.

Вай изҳор доштааст, ки онҳо ҳар моҳ беш аз бист ҳазор рубли русӣ маош мегиранд ва чаҳор ҳазори онро барои хӯроки якмоҳа дар ошхонаи ҷойи кор мепардозанд. Ҷойи хоби муҳоҷирон низ дар дохили корхона будааст.

"Онҳо намегузоранд, ки муҳоҷирон дар дохили ҳуҷраҳои хоб барои худ ғизо омода кунанд. Маҷбур мекунанд, ки ё бояд хӯроки ошхонаи умумиро хӯранд ё хонаи дигареро ба иҷора гирифта, дар ҷои кор хоб нараванд. Иҷора гарон аст ва барои ҳамин бачаҳо шартҳои корхонаро қабул кардаанд”, – илова намудааст ӯ.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.