Илҳом Атоев: Агар дар нашрияҳо доир ба гурӯҳҳои манъшуда сухан равад, онҳо бояд баста шаванд

Манзумаи Фирӯз, Asia-Plus

Дар нишасти хабарии хадамоти алоқаи Тоҷикистон қатъи дастрасӣ ба сомонаҳо яке аз мавзӯъҳои асосӣ буд.

Аз ҷумла, доир ба ҷараёни ҳалли ин масъала ва аз ҷониби кӣ қатъ шудани дастрасӣ ба сомонаҳои иттилоотии “Авеста” ва “Азия-Плюс” саволҳо дода шуданд.

Муовини аввали сардори Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон Илҳом Атоев дар ин робита хабар дод, ки онҳо дастрасӣ ба сомонаҳоро қатъ намекунанд, лекин баъзан мушкилоти техникӣ рӯйи кор меояд.

“Бифаҳмед, интернете, ки мо истифода мекунем, аз қаламравҳои гуногун мегузарад ва ман касеро гунаҳкор карданӣ нестам, лекин баъзан мушкилоти техникӣ ва низоми барномарезӣ ба вуҷуд меояд. Дар ҳамин ҳол, баъзе гурӯҳу сохторҳое ҳастанд, ки фаъолияташон манъ буда, ба терроризму ифротгароӣ машғуланд. Мувофиқи қонун, агар дар бораи ин гурӯҳу сохторҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар нашрияҳо сухан равад, дастрасӣ ба онҳо бояд қатъ карда шавад. Агар чунин маълумот чоп шавад, мо уҳдадорем, ки ба он машғул шавем”, – иброз дошт номбурда.

Журналистон қайд карданд, ки тамоми шабака зери назорати Маркази ягонаи коммутатсионӣ қарор дошта, муайян кардани воситаҳои заминавӣ 3 ё 4 дақиқа вақтро мегирад.

“Агар баъзе чизҳои нофаҳмо бошад, мо онро дар ҳолати корӣ муштарак ҳал мекунем. Вазифаи Марказ айни замон ҷамъоварии ҳисоботи трактҳои интиқолии вурудӣ ва хурӯҷӣ аст. Агар дар ҷое қатъи дастрасиро дидед, ба мо хабар диҳед”, – гуфт ӯ.

Мо начандон сарфаҳм рафтем, ки Илҳом Атоев чиро дар назар дорад. Яъне сабаби қатъи дастрасӣ ба сомонаи Asia-Plus номаълум боқӣ мемонад.

Ба дархостҳои расмии гурӯҳи расонаҳои «Asia-Plus» операторони мобилӣ ва ширкатҳои фароҳамсози интернет мегӯянд, сомона аз ҷониби онҳо баста намешавад.

Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон дар посухи расмии худ иттилоъ дод, ки “аз ҷониби Маркази ягонаи коммутатсионӣ дастрасӣ ба ин сомона қатъ нашудааст”.

Дар ҳамин ҳол, “Азия-Плюс” дар мавриди сабаби қатъи дастрасӣ ба сомона то ҳол ҳеҷ гуна посухи расмӣ ё ғайрирасмӣ дарёфт накардааст.

Бино ба гуфтаи коршиносони соҳа, ба ҷуз Хадамоти алоқа, аз чанде қабл баъзе сохторҳои қудратӣ низ аз лиҳози техникӣ ба қатъи дастраси ба захираҳои интернетӣ имкон пайдо кардаанд.

Сомонаи мустақили иттилоотии “Азия-Плюс” муддати аллакай чандин сол аст, ки давра ба давра мавриди қатъи дастрасӣ қарор мегирад, лекин танҳо баъзан ба чунин муддати тӯлонӣ дастрасиаш қатъ мешуд: аз 29 ноябри соли 2018 сомона дар қаламрави Тоҷикистон дастнорас аст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми панҷоҳу панҷуми ин асари...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.