Муҳоҷири тоҷик барпо кардани оиларо ваъда карда, пас аз тӯй гурехт

Muhojir.news.tj

Бо қарори суди ноҳияи Совет сабти ақди никоҳи шаҳрванди Тоҷикистон, ҷавони 23-сола бо ҳамсолаш аз Волгоград бекор карда шуд. Бо даъво дар ин хусус прокуратура муроҷиат кардааст. Тавре худи духтар шарҳ додааст, шаҳрванди хориҷӣ бунёди оилаи мустаҳкамро пешниҳод намуда, лекин баъди тӯй дарҳол гурехтааст, хабар медиҳад Muhojir.news.tj истинод ба портали «Обзор».

Ақди никоҳ 18 январи ҳамин сол сабт шудааст. Духтар муддати начандон тӯлонӣ бо шаҳрвнади Тоҷикистон муносибат дошта, ба ӯ ошиқ мешавад ва аз ин рӯ, ба пешниҳоди ӯ дар бораи сабти ақди никоҳ розӣ мешавад. Лекин баъди бақайдгирии муносибатҳо ҳамсари ҷавон рӯ ба фирор меорад. Сабти ақди никоҳ ба ӯ танҳо барои гирифтани санади иҷозаи зисти муваққатӣ дар Русия лозим будааст.

Қайд мешавад, ки қаблан унвонҷӯй (аспирантка)-и яке аз мактабҳои олии шаҳри Волгоград бо донишҷӯи ҳамин муассиса аз Осиёи Марказӣ сабти никоҳи қалбакӣ мекунанд, ки ин қонуншиканӣ дар самти қонунгузории муҳоҷират аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ошкор мегардад. Гурӯҳи ҷиноятпеша бо иштироки духтарону занон – сокинони Волгоград бо хориҷиён барои ба онҳо додани ҳуҷҷатҳо дар соҳаи муҳоҷират ақди никоҳи қалбакӣ мебастаанд. Аз ҳар кадоме аз “домодҳо” барои хизматрасониашон аз 100 то 120 ҳазор рубл маблағ мегирифтаанд.

Оқибатҳои муайян шудани ақди никоҳи қалбакӣ

Шаҳрванди хориҷӣ ба гумони ғолиб, мақоми имтиёзноки худро аз даст медиҳад. Ҳуҷҷатҳои амалкунандаи ӯ: Иҷозаи зисти муваққатӣ (РВП), Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) ё шиносномаи шаҳрванди Русия бекор шуда, худиӯ  метавонад ба ватан хориҷ шавад.

Вале ин маънои онро надорад, ки ба ӯ ҳатман вуруд ба Русияро манъ мекунанд. Баъди аз даст додани мақоми дахлдор шаҳрванди хориҷӣ боз метавонад барои гирифтани РВП ё дигар ҳуҷҷати иҷозатномавӣ барои ҳузур дар Русия талош намояд, лекин акнун бо асосҳои умумӣ.

Ҳолати муҳимро дар назар мебояд дошт: агар ба шаҳрванди хориҷӣ додани ҳуҷҷати иҷозаи зист рад карда шавад ё ҳуҷҷати пештар ба ӯ додашуда бекор шуда бошад, ӯ ба такроран пешниҳод намудани ариза дар бораи ба ӯ додани РВП на дертар пас аз як сол аз замони фаро расидани ҳолати дахлдор ҳуқуқ дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми панҷоҳу панҷуми ин асари...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.