ХМК: Барои таъмини пурраи аҳолӣ бо оби нӯшокӣ 10 млрд. сомонӣ маблағ зарур аст

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Соли 2020 муҳлати амалисозии Барномаи давлатии беҳтар кардани таъмини аҳолии Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшокӣ, ки соли 2008 қабул шуда буд, ба итмом мерасад.

“Дар ин давра бо амалисозии лоиҳаҳои муштарак бо чанде аз созмонҳои байнулмилалии молиявӣ, ба Тоҷикистон муясар шуд, ки дар ин самт ба пешравиҳо ноил гардад, – қайд кард сардори “КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” (ХМК) Ҷамшед Табаров зимни нишасти хабарии имрӯза. – Агар дар оғози кори барнома ҳамагӣ 43%-и аҳолӣ ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ дошта буданд, пас айни замон ин нишондиҳанда то ба беш аз 62% расид”.

Ба гуфтаи Табарзода, пас аз соли 2020дар ин самт  барномаи нави давлатӣ қабул мешавад, ки он низ барои якчанд сол пешбинӣ шуда, айни замон оид ба қабули ин санади муҳим корҳо ҷараён доранд.

Тавре Табарзода қайд кард, бо вуҷуди пешравиҳо, корҳои таъмини аҳолии деҳоти кишвар бо оби тозаи нӯшокӣ ба оҳистагӣ пеш мераванд.

“Феълан сатҳи таъмини аҳолии деҳот бо оби тозаи ошомиданӣ ҳамагӣ 38%-ро ташкил медиҳад, боқимонда бошанд, аз сарчашмаҳои гуногун , ки ба талаботи санитарӣ-эпидемиологӣ ҷавобгӯ нест, об дастрас мекунанд”, – иброз дошт ӯ.

Бино ба қавли раиси корхона, ба наздикӣ лоиҳаи Бонки ҷаҳонӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ба маблағи 58 млн. доллар оғоз мегардад.

“Ҳамаи воситаҳо ба таъмини аҳолии деҳот бо об равона мешаванд, – гуфт Табарзода. – Ғайр аз ин, айни замон бо дастгирии Бонки аврупоии таҷдиду рушд дар минтақаҳои кишвар як қатор лоиҳаҳои барқарор намудани низоми обтаъминкунӣ амалӣ шуда истодааст”.

Мувофиқи ҳисобу китоби мутахассисони КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”, барои таъмини пурраи дастрасии аҳолӣ ба об тақрибан 10 млрд. сомонӣ маблағ зарур аст ва ин ҳам бе назардошти минбаъд дар ҳолати коршоям нигаҳдории онҳо.

Барои беҳтар кардани таъмини дастрасии аҳолии минтақаҳои Тоҷикистон то соли 2021 сохтани беш аз 20 иншооти таъминоот бо об ба нақша гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми панҷоҳу панҷуми ин асари...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.