Аҳтам Абдуллозода: Соҳаи варзиши Тоҷикистон 40 маротиба беҳтар аз замони шӯравист

Сайфиддин Қараев

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода зимни вохӯрӣ бо варзишгарон дар остонаи Рӯзи варзишгарон изҳор дошт, ки тӯли 70 соли мавҷудият Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) Тоҷикистон ҳамагӣ 133 медал ва давоми 28 соли соҳибистиқлолӣ варзигарони тоҷик беш аз 5 ҳазор медал ба даст овардаанд, ки қариб 40 маротиба зиёдтар аст.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Кумита, дар мулоқот бо варзишгарон ва собиқадорони ин соҳа таҳти унвони “Дидори наслҳо” имрӯз дар Душанбе Абдуллозода таъкид дошт, ки таваҷҷуҳи доимии президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва ҳукумати кишвар ба рушди варзиш имкон дод, ки чунин натиҷаҳо ба даст оварда шаванд.

Айни замон дар Тоҷикистон зиёда аз 10 ҳазор иншооти варзишӣ амал мекунад. Танҳо даволми ду соли охир дар Душанбе беш аз 200 иншооти гуногуни варзишӣ ба истифода дода шудааст. Дар саросари кишвар 140 мактабҳои варзишӣ фаъолият дошта, дар қариб 4 ҳазор гурӯҳҳои онҳо наздики 48 ҳазор нафар варзишгарони наврас машқу таълим мегиранд.

Дар муқоиса бо соли гузашта шумори таълимгирандагон дар мактабҳои варзишии кӯдакону наврасон ба зиёда аз 2 ҳазор нафар афзуда, аз шумори умумии ба машқу таълим фарогирифта қариб 5,5 ҳазор нафарро духтарон ташкил медиҳанд.

Дар саросари ҷумҳурӣ иншооти навӣ варзишӣ сохта мешавад. Таблиғи ҳамешагии муҳим будани машғул шудан ба варзиш ва бурдани тарзи ҳаёти солим роҳандозӣ шудааст.

“Барои иштироки намояндагони Тоҷикистон дар 146 мусобиқаи байнулмилалии ҳам миқёси Осиё ва ҳам ҷаҳонӣ соли 2018 Тоҷикистон наздики 2,8 млн. сомонӣ маблағ масраф намуд”, – гуфт Аҳтам Абдуллозода.

Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки дар доираи ҷашни Рӯзи варзишгарон, ки ҳамасола якшанбеи дуюми моҳи август таҷлил мегардад, дар саросари ҷумҳурӣ таҳти унвони “Бо Пешвои варзишпарвари худ ифтихор дорем!” чорабиниҳои гуногун баргузор мешаванд.

Субҳи рӯзи 10 август дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе бо иштироки доираи васеи варзишгарон ва мураббиёну алоқамандони соҳаи варзиш машқҳои дастаҷамъонаи пагоҳирӯзӣ доир карда мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми панҷоҳу панҷуми ин асари...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.