Нархҳои баланду сифати паст ё ғами буҷаи оиларо кӣ мехӯрад?

Date:

Дар Тоҷикистон шумораи хонандагони мактабҳои миёна ба 1 миллиону 900 ҳазор нафар мерасад. Дар 5 моҳи соли ҷорӣ дар 53 корхона бо миқдори беш аз 400 ҳазор адад либоси мактабӣ истеҳсол шудааст.

Ҳамасола оғози соли нави хониш ташвишу тараддуди волидонро дучанд мегардонад. Чун дар ин давра нархи молу маҳсулот, аз ҷумла сару либос ва ҷиҳози мактабӣ низ дар бозорҳои шаҳру навоҳии кишвар якбора боло меравад.

Либоси мактабӣ дар тарбияи ахлоқию маънавии хонандагон нақши бориз дошта, дар замири онҳо эҳсоси худшиносӣ, зебопарастӣ, ифтихори миллиро бедор месозад. Аммо агар он шинаму мувофиқ, босифату арзон ва ҷавобгӯ ба талаботи мардум омода ва пешкаши муштариён гардонида шавад, нуран алонур мешавад.

Тавре медонем, аз соли 2007 инҷониб дар мактабҳои Тоҷикистон либоси ягонаи мактабӣ ҷорӣ шудааст. Дар аввал волидон либосро барои фарзандон худ интихоб намуда, онро асосан аз бозорҳо мегирифтанд. Аммо солҳои охир аз волидон талаб шудааст, ки либосҳоро аз ширкатҳои ватанӣ харидорӣ намоянд. Чун тибқи нишондоди намояндагони ин ширкатҳо, маҳсулоти онҳо ба стандартҳои давлатӣ ҷавобгӯ буда, сифатан хуб ва нисбатан арзон аст.

Аз ҷорӣ шудани либоси ягонаи мактабӣ дар макотиби миёнаи кишвар 12 сол сипарӣ шуда бошад ҳам, ҳанӯз баҳсҳо атрофи сифат ва нархи ин гуна маҳсулот миёни мактабу хонандаҳо, волидону омӯзгорон зиёданд ва дар оғозу анҷоми ҳар соли таҳсил ин баҳсҳо авҷ мегиранд.

Дар аксар мактабҳои шаҳру навоҳии мамлакат масъулони мактабҳо бо ширкатҳои дӯзандагӣ шартнома баста, ба хонандагон бо нархҳои муайян либоси мактабӣ пешниҳод мекунанд. Аммо ғолибан волидону толибилмон аз шакли дӯхту сифати ин либосҳо розӣ нестанд.

Сокини ноҳияи Рӯдакӣ М. Сафаров мегӯяд, либоси мактабии ширкатҳои ватанӣ бо сифати хеле паст тайёр карда шуда, ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ нестанд.

“Соли гузашта ман аз корхонаи нассоҷии кишвар барои писарам як ҷуфт либоси мактабӣ харидорӣ намудам, вале бо як бор шустан ҳам ранг ва ҳам андозааш дигар шуд ва дар ҳоле ки давраи таҳсил буду писарам либоси дигари иловагӣ надошт, маҷбур шудам барояш аз бозор бо нархи гаронтар либоси дигари мактабӣ харидорӣ намоям, – гуфт номбурда. –Солҳои мактабхонии мо як ҷуфт либоси мактабиро якчанд мавсим ба бар мекардем ва бо чандин маротиба шустан низ он сифати худро гум намекард. Ва ҳолатҳое низ буд, ки ҳамон як либосро бонавбат чанд бародарони хурдӣ низ мепӯшиданд. Ҳоло бошад, як либос ҳатто ба нисфи як мавсим низ намерасад. Ин аз сифати пасти ин либос гувоҳӣ медиҳад. Ба замми ин, нархи чунин либосҳо гарон буда, бо як маоши моҳона таъмини пурраи фарзандон бо сару либос ва ҷиҳози мактабӣ хеле душвор аст. Масалан, ҳамин сол барои танҳо як нафар хонандаи синфи 9 ман тақрибан 900 сомонӣ масраф намудам. Ин дар ҳолест, ки музди маоши моҳонаам аз ин камтар аст”.

Сокини дигари пойтахт Адолати Карим низ, ки 3 фарзанди мактабхон дорад, аз сифати пасти либосҳои мактабии истеҳсоли корхонаҳои ватанӣ изҳори норозигӣ намуда, иброз дошт: “Либосҳое, ки мо аз мактаб харидорӣ менамоем, зуд аз истифода мебароянд, онҳо сифати паст дошта, талаботи мардумро қонеъ намегардонанд, зуд танг шуда, ҳар рӯз дарзҳояшон меканад. Беҳтар аст, ки волидон чунин либосҳоро аз бозору мағозаҳо харидорӣ кунанд, чун нархи онҳо аз бозор чандон фарқият надорад”.

Аксари волидон бар он назаранд, ки барои ба мактаб омода намудани 1 фарзанд ба ҳисоби миёна 700-800 сомонӣ лозим мешавад. Аммо магар ҳама хонаводаҳо чунин имкониятро доранд?

Муҳайё Акрамова, сокини шаҳри Душанбе имсол фарзанди калониаш Беназирро ба мактаб медиҳад. Ӯ ғайр аз Беназир боз ду нафар фарзанди дигари ноболиғ дорад ва дар ҷое кор намекунад. Ягона рӯзирасони хонавода шавҳараш мебошад, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дорад. Маблағи ночизе, ки шавҳараш мефиристад, сарфи хӯроку пӯшок ва хизматрасониҳои коммуналӣ мешавад.

“Ман бо 500 сомонӣ вориди бозор шудам, то барои духтарам либос ва ҷиҳози мактабӣ харидорӣ кунам, – гуфт Муҳайё, – вале он маблағ танҳо ба сумкаву асбобу ашёи хониш ва як ҷуфт пойафзол кифоя карду халос. Як сумка зиёда аз 100 сомонӣ нарх дораду барои дафтару китоб ва дигар ҷиҳози хониш зиёда аз 200 сомонӣ зарур аст. Барои ду ҷуфт либоси мактабӣ (тобистона ва зимистона), ду адад куртаи сафед, таҳпӯшҳову ҷӯробу галстуку дигар майда-чуйда бошад, тақрибан 450-500 сомонӣ лозим аст. Маҷбур шудам 500 сомонии дигар аз як шиносам қарз кунам, то духтарамро барои мактаб омода намоям”.

“Барои як нафар мактабхон то 900-1000 сомонӣ лозим мешавад. Биёед қазоват кунем, ки оилаҳое, ки 3-4 нафар фарзанди мактабхон доранд, ин миқдор маблағро аз куҷо дастрас мекунанд? – гуфт яке аз ҳамсуҳбатони мо.

Аз суҳбатҳо аён гашт, ки аксари сокинон аз сифат ва нарху навои либоси мактабии истеҳсоли ватанӣ қаноатманд нестанд. Аммо корхонаҳое низ ҳастанд, ки чунин маҳсулотро бо сифати баланд ва нархҳои дастрас пешкаши муштариён мегардонанд. Танҳо роҳбарони муассисаҳои таълимиро мебояд бо корхонаҳое шартнома банданд, ки маҳсулоти босифат истеҳсол менамоянд. Танҳо дар ин сурат корхонаҳо на ба хотири иҷрои нақша, балки барои таъмини аҳолӣ бо маводи хушсифат фаъолият менамоянду волидон маблағи бо арақи ҷабин сарфанамудаи худро барҳадар масраф намекунанд. Чун дар урфият мегӯянд, сарфаи буҷаи оила ба хироҷи мамлакат меафзояд. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...