Шумори идҳо зиёд шуд: акнун иди ангуру себро ҳам ҷашн мегирем

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи эълон намудани Иди ангур ва Иди себ дар ҷумҳурӣ амр ба имзо расонид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, мутобиқи он ҳар сол шанбеи сеюми моҳи август Иди ангур ва шанбеи сеюми моҳи сентябр Иди себ баргузор карда мешавад. Гуфта мешавад, дар ин робита вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи эълон намудани Иди ангур ва Иди себ дар ҷумҳурӣ амр ба имзо расонид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, мутобиқи он ҳар сол шанбеи сеюми моҳи август Иди ангур ва шанбеи сеюми моҳи сентябр Иди себ баргузор карда мешавад.

Гуфта мешавад, дар ин робита вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо вазифадор гардиданд, ки баргузории чорабиниҳоро вобаста ба идҳои мазкур дар муҳлатҳои муқарраргардида таъмин намоянд.

Қобили зикр аст, ки айни замон  дар шаҳру навоҳии гуногуни кишвар идҳои харбузаву асал гузаронида мешаванд. Вазорати кишоварзии Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо мақомоти шаҳрдории Душанбе имсол санаи 25 август бори нахуст дар бозори “Меҳргон” Иди кадуро баргузор мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.