Хушнудии Эмомалӣ Раҳмон аз дастовардҳои Ӯзбекистони соҳибистиқлол

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ба муносибати ҷашни 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ӯзбекистон ба президенти ин кишвар Шавкат Мирзиёев паёми табрикотӣ ирсол намуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти президенти Ӯзбекистон.

“Хурсандиовар аст, ки Ӯзбекистон устуворона рушд ёфта, ба натиҷаҳои бузургмиқёс ва таъсирбахш дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва маънавии кишвар ноил мегардад. Ҳамчунин нуфузи Ӯзбекистон дар арсаи байнулмилалӣ ҳамчун роҳбалади сиёсати созандаи минтақавӣ, ки бар эътимоди тарафайн ва эҳтироми ҳамдигар асос ёфтааст, низ боло меравад”, – гуфта мешавад дар барқияи табрикотӣ.

Сарвари давлати Тоҷикистон ҳамчунин қайд кардааст, ки таҳкими ҳамаҷонибаи асосҳои созанда дар муносибати мардуми ҳарду кишвар имрӯз дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон мақоми афзалиятнок дорад.

“Бахусус қайд карданиам, ки дар бунёди заминаҳои зарурӣ ҷиҳати гузаштани ҳамкориҳои кишварҳои мо ба маҷрои сифатан нави рушд саҳми шахсии Шумо, Шавкат Мирамоновичи муҳтарам хеле назаррас аст. Аз муносибатҳои дӯстонаи кишварҳо дар сатҳи баланд мунтазам натиҷаҳои назаррас ҳосил шуда, тайи солҳои охир боз бештар густаришу тавсеъа меёбанд, ки ба сатҳи шарикии стратегӣ расидани онҳо намунаи барҷастаи он аст”, – зикр мешавад дар паём.

Маводи мо бо суроғаҳои news.tj ё asiaplustj.info тариқи браузери Opera (ба кор даровардани VPN лозим аст) қобили дарёфт аст. Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...