Сайёҳи ҷопонӣ – ошиқи навои дутор

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Ҷаҳонгарди ҷопонӣ Машу Комазакӣ чанде пеш бори дуввум ба Тоҷикистон омад. Ӯ қаблан дар яке аз ҷашнвораҳои байнулмилалӣ ширкат варзида, мафтуни навои дутор шудааст.

– Таассуроти Шумо аз сафари Тоҷикистон чӣ гуна аст?

– Ман бори дуввум аст, ки ба Тоҷикистон меоям. Шаҳри Душанбе хеле писандам аст. Хусусан, ҳавои форам ва меҳмоннавозии сокинон бароям хушоянд аст. Бори аввал соли 2018 ба ин кишвар омада будам, ки сафарам танҳо ду рӯз идома кард. Аз ин рӯ, натавонистам дар шаҳр гаштугузор кунам ва барои дӯстон туҳфа бихарам. Зимни боздиди ахир ба тамошои шаҳр баромадам. Дар хиёбони Рӯдакӣ сайр кардам. Баъдан ба Фурӯшгоҳи марказии Тоҷикистон рафтам. Дар он ҷо мағозаҳои фурӯши туҳфаҳои хотиравӣ мавҷуд аст, ки аз онҳо харидорӣ кардам.

– Бори аввал мусиқии тоҷикиро дар куҷо шунидед?

– Дар ҷашновораи байнулмилалии мусиқии Бухоро ширкат варзидам. Он вақт дар намояндагии Оҷонсии ҳамкории байнулмилалии Ҷопон дар Ӯзбекистон кор мекардам. Дар ин ҷашновора навои дутори тоҷикиро шунидам ва ошиқи он шудам.

 – Кай ба омӯзиши дуторнавозӣ шурӯъ кардед?

– Баъд аз он ҷашновора, ки мусиқии тоҷикиро шунидам, дар назди худ мақсад гузоштам, то навохтани дуторро аз худ кунам. Ман хатмкардаи донишкадаи мусиқӣ бо ихтисоси фортепиано дар Токио мебошам. Қаблан барои кӯдакон дарси фортепиано мегузарондам. Навохтани дуторро аввал дар Ӯзбекистон омӯхтам. Зимни омӯзиш дар он кишвар номи Сироҷиддин Ҷӯраевро фаҳмидам. Ҳунарнамоии ӯро аз Youtube тамошо мекардам. Маҳорати ӯ маро мафтун кард ва хостам навохтанро аз ӯ омӯзам. Вақте кори худро дар Ӯзбекистон ба анҷом расонидам, ба Токио баргаштам. Моҳи апрели соли 2018 дар Ҷопон ногаҳон бо Сироҷиддин Ҷӯраев вохӯрдам ва мо дар консерти ӯ ҳамроҳ ҳунарнамоӣ кардем.

– Аз Сироҷиддин Ҷӯраев кай таълим гирифтед?

– Вақте бори аввал ба Тоҷикистон омадам, каме аз ӯ дарсҳои кӯтоҳмуддат гирифта будам. Имсол низ дар сабақҳояш иштирок кардам. Донишҷӯён зимни дарс хоҳиш карданд, то барояшон дутор навозам. Вале ман дуторамро ҳамроҳ наоварда будам. Муаллим аз донишҷӯён хоҳиш кард, то бароям дутор биёранд. Баъдан навоҳои “Гелос” ва “Қалъабандӣ”-ро иҷро кардам.

– Ҳунарнамоии Шуморо донишҷӯён ва устодон чӣ хел пазируфтанд?

– Пас аз навохтану сурудан дар ҳаяҷон будам, ки онҳо ҳунарнамоии маро чӣ гуна қабул мекунанд. Зеро дар он ҷо устодон ва донишҷӯён зиёд буданд. Онҳо хеле хуб пазируфтанд ва гуфтанд: “Ту дар сатҳи олӣ иҷро кардӣ! Беҳтарин буд!”

– Дар оянда чӣ нақшаҳо доред?

 – Хурсанд аз онам, ки чунин таҷрибаи бой гирифтам. Мехоҳам дар оянда мусиқии тоҷикиро амиқтар омӯзам. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.