Намоишгоҳи байнулмилалии тирамоҳии “Тоҷикистон-2019” дар Душанбе

Asia-Plus

Рӯзҳои 24-26 октябр дар пойтахт Намоишгоҳи байнулмилалии универсалии “Тоҷикистон – 2019. Тирамоҳ” доир мешавад.

Тавре маркази матбуоти Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар намоишгоҳи мазкур молу маҳсулоти бахшҳои энергетика, нақлиёт, саноатҳои сабук ва кимиё, кӯҳкорӣ, мошинсозӣ, металлургия, кишоварзӣ, тандурустӣ, сайёҳӣ ва ғайра ба фурӯшу маърази тамошо гузошта мешаванд.

Намоишгоҳ майдони 1000 метри мураббаъро фаро гирифта, дар он ширкатҳои истеҳсолии ватанӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла, аз кишварҳои Ӯзбекистон, Афғонистон, Чин, Қазоқистон, Русия ва Эрон маҳсулоти худро пешниҳод мекунанд.

Маросими расмии ифтитоҳи намоишгоҳ соати 10-и рӯзи 24-уми октябр дар маҷмааи варзишии "Манеж" баргузор шуда, ҳамин рӯз ҳамоиши сеҷонибаи доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Афғонистон ва Белорус доир мегардад. Рӯзи 25-уми октябр боз як ҳамоиши намояндагони ширкатҳои иштирокдор барпо мешавад.

Намоишгоҳи байнулмилалии мазкур ҳамасола дар Тоҷикистон баргузор мешавад. Дар соли ҷорӣ он дуюмин намоишгоҳ-ярмаркаи байнулмилалӣ буда, аввалаш рӯзҳои 28-31 март дар Душанбе доир гардида буд.

Бино ба маълумоти Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ, ҳадаф аз баргузории намоишгоҳҳо таҳким ва густариши ҳамкории иқтисодӣ, дастгирии соҳибкорон барои дарёфти робитаҳои тиҷоратӣ, канори ҳам овардани намояндагони доираҳои тиҷорат ва савдо, сохторҳои давлатӣ, созмонҳои байнулмилалию ташкилотҳои ҷамъиятӣ баҳри роҳандозии равобити мутақобилан судманд, дарёфти самтҳои нави савдо ва густариши ҳаҷми муомилоти молии дуҷониба мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми панҷоҳу панҷуми ин асари...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.