Маҳбуси авфшуда аллакай дар рӯзи дуюми озодӣ ба ҷиноят даст зад

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Беш аз 10 нафар маҳбусони собиқ, ки чанде қабл мавриди авф қарор гирифтанд, боз ба ҷиноят даст заданд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии ВКД Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ хабар дод.

“Таҷриба гувоҳи он аст, ки на ҳамаи шахсони озодшуда ба қадри ин иқдоми башардӯстона мерасанд ва мутаассифона, боз роҳи ҷинояткориро пеш мегиранд”, – гуфт номбурда.

Ба қавли ӯ, дар навбати худ мақомоти милитсия шахсонеро, ки чанде пеш аз муассисаҳои ислоҳӣ озод шуданд, таҳти назорат мегирад.

Дар ҳамин ҳол, тавре ба “Азия-Плюс” аз ШВКД дар ноҳияи Вахш хабар доданд, сокини 38-солаи ноҳия Рамазон Салимов аллакай дар рӯзи дуюми раҳоӣ аз маҳбас даст ба ҷиноят зада, боздошт шудааст.

“Рамазон Салимов мувофиқи қонун “Дар бораи авф” рӯзи 28-уми октябр ба озодӣ баромад. Бегоҳии рӯзи дигар ӯ хонандаи мактабро боздошта, бо таҳдид плейери ӯро гирифтааст. Кормандони милитсия ӯро боздошт карданд. Тафтиши ин ҳодиса идома дорад. Рамазон Салимов пештар барои дуздӣ маҳкум шуда, 6 сол адои ҷазо кардааст”, – хабар доданд дар ШВКД-и ноҳия.

Ёдрас мекунем, ки 25-уми октябр раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни ҶТ “Дар бораи авф” имзо гузошт. Татбиқи авф дар нисбати беш аз 20 ҳазор нафар ҷараён дорад.

Чанде пеш мо аз муассисаи ислоҳии №7 дар Душанбе боздид кардем, ки зиёда аз 500 нафар аз он ҷо озод шуданд. Бубинед, ки онҳо ба мо чӣ нақл карданд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми панҷоҳу панҷуми ин асари...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.